Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Тавсифи пешакии умумиятёфтаи давр, алоқаи ин адабиёт бо ҳаёти сиёсию ҷамъиятии ҷомеа барои омода кардани хонанда ба қабули зебошинохтии асар ёрӣ мерасонад.
Манзараи зиндаи воқеъиятро дар назари хонанда бояд зинда кард; бе чунин маълумот адабиёт шавқангез намешавад. Пораҳои асар ҳамон вақт диққати хонандагонро ҷалб мекунанд, ки агар контексти воқеӣ ва ахлоқию зебоишинохтии он маълум бошад.
Ҳамин тариқ, хонандагон дар машғулияти обзорӣ дар бораи баъзе паҳлўҳои умумӣ ва муҳими таҷассуми бадеии ғояҳои асосии адабӣ дар пайванди онҳо бо таърихи халқи соҳиби он адабиёт маълумот мегиранд.
Дар шароити мактабҳои имрўзаи мо дарси обзорӣ дар назди муаллим вазифаҳои зеринро мегузорад. Аввалан, хонандагон анъанаҳои ахлоқию зебошинохтӣ ва беш аз ин, фарҳангию таърихиро меомўзанд. Сониян, чунин дарсҳо ба хонандагон ёрӣ мерасонад, ки доир ба ҳодисаҳои нави адабӣ маълумот гирифта, донишҳои қаблиашонро такмил бахшанд, забонашонро инкишоф диҳанд ва барои хониши матнҳои бадеии давраи таърихии муайян захираи кифояи луғавӣ дошта бошанд.
Азбаски мавзўъҳои обзории таърихи адабиёт дар барномаи таълимӣ аниқ шудааст, мо дар бораи онҳо чизе намегўем. Фақат муаллим вобаста ба мундариҷаи онҳо нақшаи мушаххасро бояд мураттаб созад ва дар ин замина машғулиятҳоро ба поён барад.
Акнун баъзе тарафҳои муҳими усулҳои таълими машғулияти обзориро, ки воситаҳои усули умумӣ аз ин ҷумла аст, аз назар мегузаронем.
Ба назари мо, ду роҳи гузаронидани машғулияти обзорӣ имконпазир аст: яке суханронии омўзгор, дигаре суҳбат.
Агар хонандагон доир ба мавзўъ комилан тасаввурот надоранд, машғулиятро ба шакли нақли зинда гузаронидан мумкин аст.

пешина
аз 344
навбатӣ