МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Вале ҷуз ин роҳ дигар илоҷ ҳам нест.
Масалан, барои таълими зиндагинома ва осори Соиби Табрезӣ дар барномаи таълимӣ шаш соат ҷудо шудааст. Бо назардошти он ки Соиб дар адабиёти ин давра чеҳраи намоён буда, таъсири эҷодиёти ў ба шоирони асрҳои сонӣ бузург аст, оё мешавад, ки дар бораи замони зиндагӣ ва тамоюлҳои адабии ин давр ба тариқи мухтасар сухан гуфту қаноат кард?
Ҳатто, дар ҳоле ки маълумоти тарҷумаҳолӣ низ дар бораи ин шоир хеле кам дастрас аст. Агар хонандагон дар бораи замони зиндагии Соиб маълумоти дақиқ, амиқ ва мушаххас нагиранд, он вақт ҳангоми хондани осори шоир бисёр саволҳояшон беҷавоб хоҳад монд. Ҳол он ки маълумоти обзорӣ ба ҷаҳони андешаҳои Соиб даричае хоҳад буд. Ва ин дарича вуруди хонандагонро ба олами андешаву ормонҳои маънавии Соиб то ҷое осон хоҳад кард. Вале дар ин замина кӣ метавонад ба омўзгор раҳнамоӣ кунад? Мутаассифона, маводе, ки дар дасти омўзгор ҳаст, ҳанўз кифоя нест.
Бинобар ин, муаллимро зарур аст дар назар гирад, ки Соиб дар аҳди Сафавия аввалин зоири Ҳинд набуд, ҳатто, тамоми муддати иқомати ў дар ин сарзамин ба заҳмат ба даҳ сол мерасад. Чун ин мусофирати Ҳинд дар аҳди ҷавонӣ ва шукуфоии қариҳа ва истеъдоди шоир рўй дод, ночор дар ташаккули ҷаҳонбинии Соиб ва дар таҳаввулоте, ки вай дар байни аносири гуногуни сабки маъруф ба ҳиндӣ ба вуҷуд овард, таъсири қатъӣ дошт. Надонистани мушаххасоти замон ҳеҷ муҳаққиқ, аз ҷумла, омўзгор ва ниҳоят хонандаро дар ин
1 замина комёб нахоҳад кард.
1 Доир ба ин масъала мақолаи доктор Абдулҳусайни Зарринкўб «Даричае ба ҷаҳонбинии Соиб» дар китоби «Аз чизҳое дигар», Теҳрон 1379, маводи бебадал аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё