МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Дар ҳамаи барномаҳои таълимие, ки то ҳол нашр шудааст, анъанаи омўхтани вазъи таърихию адабии адабиёт дар доираи дарсҳои обзорӣ риоя шудааст. Ин усул имкон медиҳад, ки зиндагинома ва осори шоиру нависандагон ба таври васеъ омўзонда шуда, мақоми ҳар адиб дар пайвастагӣ бо муҳит ва замони зиндагиаш арзёбӣ шавад.
Аз таҷрибаи муаллимони мо яқин аст, ки таълими мавзўъҳои обзорӣ душвориҳои зиёд дорад. Барои дар таълими ин қисмати адабиёт натиҷаи судманд ба даст овардан омўзгор аввалан бояд бо усулҳои озмудаи таълимӣ мусаллаҳ бошад, сониян дар ин самт аз таърих, назарияи адабиёт, ҷомеашиносӣ, забон ва санъатшиносӣ дониши амиқ дошта бошад. Масъулияти омўзгор то ҷоест, ки хонандагон дар ин машғулиятҳо дар як фурсати кўтоҳ бояд маводи умумиятёфтаи давраҳои адабиётро омўзанд ва доир ба пайдоиш ва инкишофи забону адабиёти тоҷик, раванди таърихии инкишофи адабиёт, вазъи сиёсӣ ва ғайра маълумоти кофӣ ба даст оваранд.
Мутаассифона, дар таълими мавзўъҳои обзорӣ дар мактабҳои замони Шўравӣ амру дастурҳои сиёсӣ равиши ин қисмати таълимро муайян мекард. Ба шарофати истиқлол таълими адабиёт аз сиёсатзадагӣ раҳо ёфт. Бинобар ин ҳам, дар марҳалаи имрўза тамоюли ғоявии ин дарс бояд ба ҳифз ва таъкиди ҳуввияти миллӣ ва фарҳангии тоҷикон нигаронида шавад. Азбаски дар ин машғулиятҳо омўзгор бештар бо усули суханронӣ ва истифода аз асноди таърихӣ ба хонандагон маълумот медиҳад, бояд коре кард, ки бо фарогирии ҳуҷҷатҳо бачаҳо хаста нашаванд. Зеро онҳо ҳанўз имконияти кофии зеҳнии ҳифз ва андешаи маводи зиёди обзориро надоранд.
Маълум аст, ки машғулияти ин дарс бар ҳуҷҷат ва суханронии (лексия) муаллим асос меёбад. Усули суханронии муаллим дар ин дарсҳо ҳоло барои мактабҳои мо суннат шудааст. Вале бояд андешид, ки оё суханрониҳои ҳамешагии муаллим дар ин машғулиятҳо хонандагонро хаста ва дилбазан намесозанд ва ё ба инкишофи нутқ ва забондонии онҳо монеъ намегардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё