Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Пеш аз хондани матн муаллим як бори дигар барои ҷалби таваҷҷуҳи хонандагон тақрибан чунин шурўъ менамояд. Бачаҳо, бубинед аз рўзи навишта шудани ин асар то рўзҳои мо қариб 1000 сол фосила аст. Вале он чизе ки ҳоло мо мехонему бояд донем, ҳеҷ вақт кўҳна намешавад.
Унсурулмаолии Кайковус гўё барои фарзандаш не, балки ба гўши мову шумо гуфта истодааст, ки «Бидон, эй писар…» Ва ин писар ё духтар, яъне мову шумо чиро бояд донем?
Шояд хонандае ҷавоб гўяд:
-Ҳаққи падар ва модар.
Дар ҳамин ҳол муаллим метавонад пурсад:

  • Шумо дар бораи падар ё модар дар синфи 5 шеъре хонда будед?
    Бачаҳо ҳатман аз шеъри Эраҷ Мирзо «Қадри модар» ёд меоранд. Муаллим суҳбатро дароз накарда, матнро мехонад ва дар сари ҷумлаи «То нагўӣ, ки падару модарро бар ман чӣ ҳақ аст, ки эшонро ғараз шаҳват буд, на мақсуд ман будам…» қарор мегирад. Хуб аст, ки бо тавзеҳи маънии ин ҷумла суҳбат ва суолу ҷавоби зиндае миёни муаллим ва талабагон воқеъ шавад. Муаллим дар баробари вазифаи падару модар дар ҳаққи фарзанд, масъулият ва вазифаҳои фарзандро дар назди волидайн бояд якояк бигўяд.
    Ҳангоми хондан ва тавзеҳи сархати дуюм сари ҷумлаи «Ҳаққи модару падар агар аз рўи дин нанигарӣ, аз рўи хирад ва мардумӣ бингар» қарор гирифта, маънии ҳар ду ҷузъи ҷумларо шарҳ додан матлуб аст. Сархати «Ва нигар аз баҳри мерос марги модару падар нахоҳӣ…» шояд тавзеҳи бештар ва алоқаманд бо ҳодисаҳои фоҷиавии талош бар меросро маҳз дар рўзҳои мо ба ёд оварад. Дар ин равиш таҳрик додани андешаҳои хонандагон арзиши ахлоқии дарсро боз ҳам бештар хоҳад кард.
пешина
аз 344
навбатӣ