Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар ин сурат хонанда ба ин намунаҳои адабӣ ҳамчун «панду насиҳати безоркунанда»
муносибат хоҳад кард. Муаллим бояд дар назар бигирад, ки осори ахлоқии адабиёти пешинаи мо, қабл аз ҳама, намунаи олии осори бадеӣ буда, бо обу ранги хоси бадеиашон фарқ мекунанд. Муаллим бояд сахт дар назар дошта бошад, ки панду ҳикмат фалсафафурўшӣ набуду нест. Вай андешаи амиқи ахлоқӣ ва сухани олӣ буду хоҳад монд. Ва ин андешаи амиқу сухани олӣ, бояд ба шакли сода, ки дар тарбият мисли худи ҳаёт бошад, ифода ёбад.
Аз ҳамин мавқеи арҷгузорӣ ба арзиши бадеии адабиёти ахлоқӣ мо бояд ба таълими осори бадеии ахлоқии гузашта дар дарсҳои адабиёт машғул шавем. Муаллим пеш аз ба хондан шурўъ намудан вақтро барои хондани қисматҳои «Андар шинохтани ҳаққи падар ва модар» ва «Омўхтани ҳунар ва одоби сухан гуфтан» тақсим менамояд. Муаллим худаш пораи аввали матнро хонда луғатҳои душворфаҳмро тавзеҳ медиҳад. Сипас, қисматҳои дигари ин се мавзўъро миёни хонандагон тақсим карда мехононад.
Он чизе ки дар вақти хондани ин асар ба хонандагон душворӣ меоварад, дурии замон ва забони асар мебошад. Ин асар мероси адабии асри ХІ аст, ки бинобар ин луғатҳои душворфаҳм низ дорад. Муҳимтар аз ҳама дар ин асар масъалаҳои ахлоқие ба миён гузошта шудаанд, ки барои замони мо ҳам зарур буда, моҳияташон вобаста ба гузашти замон кам нахоҳад шуд. Бо вуҷуди ин, душвории забонӣ боқӣ мемонад ва муаллимро лозим меояд, ки луғатҳоеро монанди тафаққуд кардан, музоифи шааф, муқассир, фаръ, озарм ва ғайра тавзеҳ диҳад.
Дар идомаи ҳамин дарс матни дигар, ки дар барнома омўхтани ҳунар унвон дошта, дар «Қобуснома» бо номи «Андар фурўтанӣ ва афзунии ҳунар» омадааст, хонда мешавад. Вале матни одоби сухан гуфтан, фурўтанӣ ва одоби таъом хўрданро хонандагон бояд дар хона хонанд. Зеро барои дар синф хондани ҳамаи ин матнҳо як соат кифоя намекунад.

пешина
аз 344
навбатӣ