Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Баъд аз афсонаҳо муаллим ба таълими латифаҳо, зарбулмасал ва мақол, нақлу ривоят омодагӣ мегирад. Таълими ин мавзўъ низ усули хоси хониш ва нақлу таҳлилро тақозо менамояд.

6.6 . ТАЪЛИМИ ЗАРБУЛМАСАЛ ВА МАҚОЛҲО

Дар барномаи таълими адабиёт дар синфи 5 барои таълими мавзўи «Зарбулмасал ва мақолҳо» як соат ҷудо шудааст. Муаллим дар ин як соат бояд, ки ба хонандагон оид ба сохти зарбулмасал ва мақол, умумият ва тафовути онҳо, нукта ва мавзўъҳои пандомўз дар зарбулмасалу мақолҳо маълумот диҳад, арзиши маънавӣ ва ахлоқии онҳоро муайян созад. Ин суҳбат метавонад дар гуфтугўи рўзмарра ва омўзишу тафсири адабиёти бадеӣ сурат гирад. Масалан, агар дар ҳаққи танбалону коргурезон чизе гуфтанӣ шавем, мақоли «Аз бекор ҳама безор» ба ёд мерасад. Агар аз ҳунари касе мутаассир шавем, беибо мегўем, ки «Дасти одам гул аст». Ин ду намуна, ки овардем, аввалӣ мақол асту дувум зарбулмасал.
Пас, суоле пеш меояд: онҳо аз ҳам фарқе доранд?
Зарбулмасалу мақолҳо бо хусусияти бадеии худ аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Зарбулмасалҳо бештар дорои маънои маҷозӣ буда, дар онҳо мақсад ва фикри асосӣ ба воситаи киноя ифода мегардад. Маънои зоҳирӣ ва бевоситаи зарбулмасалҳо барои ифодаи мақсад ва ғоя истиораомез хизмат мекунанд.
Аммо дар мақолҳо маънои маҷозӣ, киноявӣ дида намешавад, баёни мақсаду ғоя бо гуфтугў комилан мувофиқат менамояд.
Масалан, маънои аслии мақоли «дили нохоҳам, узри бисёр» ё «кори имрўзаро ба фардо нагузор» бе ҳеҷ тавзеҳе равшан аст.
Аммо вақте ки «дасти одамизод гул» мегўем барои хонандаи хурдсол маънои маҷозӣ ва истиоравии онро бояд тавзеҳ дод.
Дар ҳамин як соате, ки барои таълими зарбулмасалу мақол дар ихтиёри муаллим аст, ў метавонад зарбулмасалу мақолро дар асоси мавзўъҳо тақсимбандӣ кунад.

пешина
аз 344
навбатӣ