МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Адабиёт
Аз аввал хондан-Кадоме аз қаҳрамонони афсона ба шумо писанд омад?
(Эраҷ, пирамард, боз кӣ?)
- Барои чӣ онҳо писанд омаданд? Онҳо чӣ фазилати хубе доштанд?
- Аз афсона хислатҳои неки пирамардро ба ёд оваред.
- Хислатҳои Эраҷро аз қисми аввали афсона муайян намоед.
- Омили асосии ғолибияти Эраҷ бар девон чӣ буд?
- Ин афсона барои шумо чӣ арзише дорад? Аз он чӣ манфиате бардошта метавонед?
- Пораҳои ба ҳиссу рўҳи шумо наздикро ҷудо намоед ва хонед.
Ин суолу ҷавоб моҳияти афсонаро ба хонандагон равшан месозад ва онҳоро ба хониши адабӣ комилан омода месозад.
Муаллим хонандагонро ба хониши бадеӣ омода карда, таваҷҷуҳи онҳоро ба забон ва пораҳои алоҳидае, ки ҳуҷҷати далерӣ ва шуҷоату коршоямии Эраҷ аст, ҷалб менамояд.
Омӯзгор дар асоси суюжети афсонаи «Эраҷи тилисмшикан»
аз чунин аёният, яъне расмҳои Эраҷ бо камонғулак, гуфтугӯ бо модар, лаҳзаи гуштингирӣ, дар ҷанг бо муқобили девҳо, дар айёми набард бо Ҳенгилдев бо аспу гурзу шамшер, дар муколама бо рафиқонаш ва ғайраҳо истифода менамояд.
Ҳамчунин, пас аз нақли ғояи афсонаи «Эраҷи тилисмшикан» калима ва ибораҳои муболиғадор, аз қабили «болои сари дев парида гузашт», «кӯҳро ба замин ҳамвор мекард», «сараш ҳазор сар парида рафт», «тамоми замину замон ба ларза даромад» ва ғайраҳоро шарҳ додан судманд хоҳад буд.
Муаллим бояд донад, ки дар синфи V ў роҳи хониши пурмаъно, муассир ва таъсирбахшро ба хонанда ҳамвор сохта, дар ин замина гуфтори ўро низ фасеҳу бурро месозад. Бинобар ин ҳам, ў бояд хониши театрӣ, оҳанги рўҳафтодагӣ, ҳаракатҳои номавзуни хонандагонро ислоҳ кунад. Хонандагон матнро бе саросемагӣ, муътадил, бе фишори овоз фаҳмида, боақлона ва зинда хонда тавонанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё