МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Баъзе аз онҳо, монанди Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ муътақиданд, ки солики роҳи тариқат, ки мехоҳад ба висоли маъшуқ ва маъбуди худ бирасад, бояд аз сад майдон гузар созад. Гурўҳи дигар, аз ҷумла ишроқиён, монанди Шиҳобиддин Яҳёи Суҳравардӣ бар онад, ки толиби маъшуқ бояд аз ёздаҳ кўҳ убур кунад. Файласуфи бузурге монади Ибни Сино, ки дар охири умр ба тасаввуф гаравид, ҳашт кўҳ ё мақомро пешниҳод кардааст. Аммо аксари орифону сўфиён монанди Шайх Аттору Мавлои Рум мўътақиданд, ки барои расидан ба камол ва мушоҳидаи ҳазрати улуҳият бояд аз ҳафт водӣ гузар кард, ки он водиҳо ба тариқи зайланд: 1) талаб, 2) ишқ, 3) маърифат, 4) истиғно, 5) тавҳид, 6) ҳайрат ва 7) фано. Шайх Аттор дар «Мантиқуттайр» ин водиҳоро аз забони Ҳудҳуд чунин тафсир додааст:
Гуфт: Моро ҳафт водӣ дар раҳ аст,
Чун гузаштӣ ҳафт водӣ, даргаҳ аст.
Ҳаст водии талаб оғози кор,
Водии ишқ аст аз он пас, беканор.
Пас сеюм водист он маърифат,
Пас чаҳорум водии истиғно сифат.
Ҳаст панҷум водии тавҳиди пок,
Пас шашум водии ҳайрат саъбнок.
Ҳафтумин водии фақр асту фано,
Баъд аз ин рўю равиш набвад туро.
Аз сўи дигар, барои дарёфтани ҳунари шоир бояд байтро аз нигоҳи нақди сохторгаро (Formalism) баррасӣ кард, ки он низ вобаста ба инсиҷоми аҷзо ё худ таносуби калом аст. Инсиҷоми аҷзо, яъне ҳеҷ ҷузве қобили ҳазф шудан нест. Масалан, ғазали Ҳофиз аз он рў зебост, ки инсиҷоми аҷзо дорад. Мо ба тариқи намуна байте аз Ҳофизро аз ин дидгоҳ баррасӣ мекунем:
Хезу дар косаи зар оби тарабнок андоз, Пештар з-он ки шавад касаи сар хок, андоз.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё