МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Ба таъбири дигар, дар рўзи мисоқ рўҳи инсон бо мушоҳидаи ҷамоли Худованд ба Ў ошиқ шуд ва Худованд низ ба Одам муштоқ гардид.
Чунончи, Ҳофиз мегўяд:
Сояи маъшуқ агар уфтод бар ошиқ чӣ шуд, Мо ба ў муҳтоҷ будем, ў ба мо муштоқ буд.
Орифон ин аҳдро аҳди азал ё аҳди аласт номидаанд ва такя ба Қуръон доранд, ки Худованд бар ваҳдонияти худ аз бани Одам бар худашон гувоҳ гирифтааст ва он дар Сураи «Аъроф» ояи 172 ёд шудааст: « Ва Парвардгори ту аз пушти бани Одам фарзандонашро бурун овард. Ва ононро бар худашон гувоҳ гирифт ва пурсид: «Оё ман парвардгоратон нестам?» Гуфтанд: «Оре, гувоҳӣ медиҳем», то дар рўзи қиёмат нагўед, ки мо аз он бехабар будем». Ин маъниро Шайх Аттор хеле зебо баён мекунад:
Мо зи хароботи ишқ масту аласт омадем,
Номи «бало» чун барем, чун ҳама маст омадем.
Пеш зи мо ҷони мо хўрда шароби аласт,
Мо ҳама з-он як шароб масту аласт омадем…
Ҳамчунин бино ба ақидаи эшон, рўҳи инсон дар як замони мушаххас аз ватани аслии хеш, яъне олами рўҳонӣ (ба қавли Мавлоно, «найистон») ҷудо шуда, вориди дунёи моддӣ мегардад. Ин ҷо ҳамон қиссаи машҳури Одаму Ҳаво ва аз ҷаннат ронда шудани онҳо дар назар аст. Рўҳи инсон дар оғоз сайри нузулӣ мекунад ва дар ин дунёи моддӣ асир мегардад ва аз он маҳдудтар побанди қафаси ҷисм мегардад.
Рўҳи инсон ҳамон вақт комил мегардад, ки бояд сайри суудӣ кунад ва худро аз банди нафсу шаҳвоти нафсонӣ ва аз қайди дунёву тааллуқоти дунявӣ озод созаду дубора ба ватани аслии худ – олами рўҳонӣ бирасонад. Дар ин масъала, яъне расидан ба ватани аслӣ – олами рўҳонӣ, ё ба таъбири соддатар расидан ба Худо низ орифон дар як ақида нестанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё