МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Дар ин байти Ҳофиз ҳама калимот ба ҳамдигар таносуби маъноӣ доранд. Масалан, «касаи зар» бо «оби тарабнок», «косаи сар», «хок», «андоз» ва ҳатто бо «хез» низ таносубу ҳамоҳангӣ дорад. «Косаи зар» бо «косаи сар» илова бар он ки таҷнис шуда, иртиботи маъноӣ низ дорад: Аз косаи сар низ коса, ҷоми шаробнўшӣ месохтаанд. Шоҳон аз косаи сари душманонашон баъд аз ғолиб омадан ҷоми шаробнўшӣ месохтаанд ва аҷибтар он аст, ки косаи сари душмани кушташударо бо зар (тилло) рўпўш мекардаанд. Коса бо хок низ иртиботи бевосита дорад: а) Косаро аз хок (гил) месохтанд, б) Коса баъд аз шикастану аз байн рафтан ба хок мубаддал мегардад. Ҳамин гуна таносуб «коса» бо «хез»(феъли амр) дорад: а) Шаробро аз ҷой бархоста (хеста) ба қадаҳ ё коса ва ё ҷом мерезанд, б) Яке аз ойини боданўшӣ чунин буда, ки агар ба саломатии бузургворе (масалан, шоҳ ё амир ва ё пир) шароб нўшиданӣ шаванд, барои эҳтироми ў ҳатман аз ҷой бархоста менўшиданд. Чунин таносуби маънойӣ байни дигар калимоти ин байт низ вуҷуд дорад.
Масалан, феъли амри «андоз» (ба маънии рез, масалан, ҷой андоз, об андоз, ки дар шеваи водии Зарафшони Тоҷикистон хеле маъмул аст, аммо дар Эрони имрўза ба маънии қасд ва майли ҳамла кардан, андоза, миқёс ба кор меравад) бо «хез»
(аз ҷой бархоста андохтан(рехтан), бо «коса» (ба коса андохтан(рехтан), бо «хок» (хок андохтан (рехтан), бо «оби тарабнок-бо истиора шароб» (шароб андохтан), бо «сар» (ба сар хок андохтан(рехтан) таносуби маъноӣ дорад. Дар байти Ҳофиз наметавон калимае беҷо ё ҳазф кард ва ба ҷояш калимаи дигар гузошт. Агар ин кор сурат гирад, шояд маънӣ ва вазн халал наёбад, аммо накҳати байт ва вусъати маъноӣ аз байн меравад.
Аз сўи дигар, дар ин байт такрори ҳарфи «з» дар калимоти «хез», «зар», «андоз», «з-он» ва боз «андоз»
оҳангнокии байтро таъмин намудаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё