Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Барои таҳлил ва омўзиши бомуваффақияти асар интихоби аз назари методӣ асоснок мақоми ҳалкунанда дорад.
Гуногунрангӣ ва махсусияти асари бадеии лирикӣ моҳият ва усули таҳлили онро муайян менамояд. Вале усули таҳлилро табиати асари бадеӣ муайян карда, ҳар асар мутобиқи хусусияти он бояд хонда ва таҳлил карда шавад.
Адабиётшинос Шарифмуроди Исрофилниё ба мушкилоти методикаи таълим ва шеваи шарҳу тафсири каломи мавзун таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дуруст таъкид намудааст, ки донистани шеваи таҳлилу тафсир ва шарҳи каломи бадеъ, алалхусус, шеър аз масъалаҳои муҳими таълими адабиёт дар мактаби миёна ва факултаҳои суханшиносии донишкадаву донишгоҳҳо маҳсуб меёбад.
Дар ин робита саҳм ва мақоми омўзгор назаррас буда, бояд аз шеваи таҳлили каломи бадеъ огоҳ бошад, то ки дарсаш самараи хуб дода, шогирдонро ба дарки сухани адиб ҳидоят карда тавонад . Дар таълими асарҳои ғиноӣ шеваи таҳлилию тафсирӣ ва шарҳи каломи бадеъ, махсусан, тафсири шеър мақоми аввалиндараҷа дорад. Бинобар ин, пеш аз ҳама, омўзгори адабиёт бояд аз назокату забон, ғановати осори адабӣ ва шеваи тадрису таҳлили каломи бадеӣ бархурдор бошад. Дар шарҳу тафсири каломи бадеъ ба чунин омилҳои шинохт ва азхудкунии шеър бояд эътибор дод:

  1. Қироати саҳеҳ ва муассири шеър шарти нахустини шинохти шеър ва дарёфти маънии мақсуди шоир буда, ба дарёфти дурусти вазну қофияву радиф ва маънии шеър мусоидат мекунад. Муайян намудани вазни шеър, дарёфти қофия, радиф ва ҳарфи равӣ низ дар дарки маънӣ ва таъйини ҳунари шоир нақши муҳим дорад. Барои хонандаи мактаби миёна донистани ҳиҷоҳои арўзӣ, қофияву радиф ва дарёфтани ҳарфи равӣ ва ба донишҷуёни риштаи суханшиносӣ ва муҳаққии ин соҳа фаҳмиши хелҳои қофия, таъйини вазни шеър ва дигар масоили поэтикаи шеър тавсия мешавад.
пешина
аз 344
навбатӣ