МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Адабиёт
Аз аввал хондан- Дарёфти калидвожаҳо, яъне калима ва ибораҳои маъниофар, таъбироти шоирона, шинохти мизон, фаҳмиши ғоя ва моҳияти шеър, истилоҳу таъбироти хаёлангез ва мушкилфаҳм.
- Корбурди санъатҳои бадеӣ, тасвироти шоирона ё худ сувари хаёл дар шеър. Хаёлангезӣ ва ё сувари хаёл чун асл ва ҷавҳари шеър шинохта шуда, пайвандест миёни табиат ва авотифу эҳсосоти шоир. Он ба шеър зебоӣ мебахшад, ҳунари шоирро дар тасвирҳои шоирона таҷассум мегардонад.
- Омили аз ҳама муассир дар шинохти маънии шеър идрок ва эҳсоси ҷаҳонбинии адиб, шинохти шахсият ва ҳунари офаридагории адиб ва арзишмандии ғояи асари бадеӣ мебошад.
Дар шинохти каломи мавзун, дарёфти моҳияти андеша, маънӣ, таъини мизони шеър: вазн, қофия, радиф, ҳарфи ровӣ ва вожаҳои калидӣ қироати саҳеҳи матни шеър ва риояи дурусти мизон ва қолаби шеър нақши муҳим мебозад. Қироати ифоданок ва муассири шеър барои дарёфти ҳадафи ғоявӣ, арзиши осор, муайян намудани мизони шинохти шеър ва таъйини ҳунари шоир мусоидат менамояд.
Таҳлил ва тафсири байти зерини шеъри устод Абўабдуллоҳи Рўдакӣ чиҳати шинохт ва бардошти дарки маънӣ ҳамчун намунаи барҷаста шинохта шудааст. Дар байти Бихандад лола бар саҳро ба сони чеҳраи Лайло, Бигиряд абр бар гардун ба сони дидаи Маҷнун.
корбурди устодонаи санатҳои тасвир, аз қабили:
ташхис: хандидани лола ва гиристани абр; таҷнис : лола ва абрро дар шакли мавҷудоти зинда ҷон мебахшад ва мегирёнаду механдонад.
ташбеҳ: чеҳраи Лайло ва гиряи Маҷнун (сурхии чеҳраи Лайло ҳамсранги лола ва боридани борон ҳамсони гиряи Маҷнун); киноя: «хандидани лола», киноя аз шукуфтани он ва «гиристани абр» киноя аз боридани борон аст, ки тимсоли дидаи Маҷнун, ки дар фироқи Лайлӣ ҳамеша гирён аст; талмеҳ: ишора ба қиссаи шўрангези сарнавишти Лайлӣ ва Маҷнун; мусаҷҷаъ (саҷъ): ҳар байт ба чор пораи баробарвазн тақсим шудааст, ки онро ба тоҷикӣ «чорбаҳра» низ мегўянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё