Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар ин замина табиати эҷодӣ ва савияи ҳунарии ҳар шоире аҳамият пайдо мекунад.
Бешак, шеъри лирикии ҳар шоир аз табиати инсонии ў баҳра мегирад.
Омўзгор дар вақти таълими шеъри лирикӣ ба ин нуқта бояд мутаваҷҷеҳ шавад, ки қаҳрамони лирикӣ мазҳарест, ки он таҷаллигоҳи ахлоқ ва маънавиёни инсон аст. Шоири тавоно дар симои қаҳрамони лирикиаш ҷаҳони худ ва инсонҳоро меғунҷонад.
Дар эҷодиёти аксари шоирони пешина ва шоирони имрўз, аз Мирзо Турсунзода сар карда то Лоиқу Бозору Гулназару Гулрухсор ва дигарон намунаҳои хуби шеъри лирикиро дучор мешавем. Назокат ва покии ҳиссиёти қаҳрамони лирикӣ дар ашъори шоирони тавонои мо ифода шуда, ба дил асари амиқ мегузорад ва таассуроти моро оид ба зиндагӣ такмил мебахшад.
Барои хонандагон арзиши маънавию ахлоқии шеъри лирикӣ аз ҳама муҳим аст ва ҳам дар барнома ва ҳам китобҳои дарсӣ аз ҳамин мавқеъ маводи бадеӣ интихоб шудааст.
Аз ин ҷост, ки таҳлили асари лирикӣ аз назари методӣ кори душвор аст. Таҳлили бомуваффақият моҳияти асар ва ҳунари шоирро ошкор месозад, ба ҳусни бадеии он латма намезанад, балки барои ифшои арзишҳои бадеию маънавии он мусоидат менамояд. Таҳлили асар хониши хонандагонро такмил дода, фаҳмиши онҳоро амиқ месозад.
Таҳлили ғоявию бадеии асари лирикӣ, пеш аз ҳама, мавзўъ, мундариҷаи ғоявӣ, созмон, сужет, забон ва сабкро дар назар дорад. Вале муаллим барои ҳамаи паҳлўҳои асарро санҷидан имкон надорад. Махсусияти шеъри ин ё он шоирро ба назар гирифта, ба кадом ҷузъҳои асар такя карда таҳлил намуданро муайян менамояд.
Ҳамаи унсурҳои асари бадеии лирикӣ метавонад ҳангоми таҳлил мавриди қазоват қарор гирад, ба шарте ки муаллим ба ин восита ба дарунмояи он нуфуз карда тавонад.

пешина
аз 344
навбатӣ