МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Дар матни бадеӣ ибораҳои рехта зарбулмасалу мақолҳо, таъбирҳои ташбеҳию истиорӣ, ифодаҳои образнок, иқтибосҳои қуръонӣ ва ғайр дучор меоянд, ки на фақат тафсири забоншиносиро тақозо мекунанд, балки маънидоди таърихии ҳаётӣ ва таърихии адабиро низ талаб менамоянд.
Тафсирҳои таърихии ҳаётӣ ба хонандагон ёрӣ мерасонад, ки бо воқеият, расму оин ошно шуда, маънии бадеии онро аз матн дарк кунанд.
Тафсири таърихии адабӣ дар ҷараёни омодагии пешакии омўзгор барои таҳлили матни бадеӣ шурўъ шуда, маънидоди ҳодисаҳои адабӣ ва санадҳои ҳаёти адабиро дар бар мегирад.
Масалан, дар вақти таълими адабиёти классикӣ омўзгор ба хонандагон дар бораи ҷараёнҳои адабӣ ва ё сабкҳои адабӣ маълумот медиҳад. Таълими ҳар ду мавзўъ тақозо мекунад, ки омўзгор санадҳои адабиро вобаста ба ҳаводиси иҷтимоии даврва заминаҳои таърихии пайдоиши сабкҳо ё ҷараёнҳои адабӣ шарҳу тафсир кунад.
Ҳамин гуна тафсири таърихии адабӣ дар вақти таълими адабиёти замони Шўравӣ низ хеле муҳим ва арзишманд аст.
Зеро хонандаи имрўз аз воқеияти иҷтимоӣ ва адабии он замон огоҳӣ надорад.
Аз он чи гуфта шуд, метавон чунин натиҷа гирифт, ки матни бадеиро бо назардошти ҷузъҳои сарфию наҳвӣ ва низоми образҳои бадеии асар бояд омўхт. Ин масъала дар шароити имрўза масъалаи ҳамбастагии саводу маънавиятро ҷиддан ба миён мегузорад, ки бе амалӣ кардани он дар таълими адабиёт ба натиҷаи муҳиме расидан басо душвор аст. Ин гуна таълим хонандаро ба тайи роҳи якумрии фарҳангу маънавият раҳнамоӣ мекунад. Ба ин васила хонанда ҳам дуруст навиштану дуруст сухан гуфтанро ёд мегирад, ҳам барои омўзиши адабиёт бояд шинохтани ҳусни баркамоли шеъри асил, сухани зебо ва оҳанги дилрабои он ки қобилияти зебошинохтиро афзун мекунад, аз зебоӣ, аз оҳанги дилнавоз ҳаловат бурданро ёд медиҳад, дилро нарм ва меҳру шафқатро зиёд мекунад, малака пайдо мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё