ЗАБОНИ АДАБИЁТИ ИЛМИЮ ТЕХНИКИИ ТОҶИКӢ

Нуров Пирмаҳмад. Забони адабиёти илмию техникии тоҷикӣ. Дар воситаи илмии таълимии мазкур бори нахуст дар забоншиносии тоҷикӣ хусусиятҳои умумӣ, луғавӣ ва истилоҳотии забони адабиёти муосири илмии техникии тоҷикӣ мавриди баррасӣ, омўзиш ва таҳқиқ қарор гирифтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 67 саҳифа
Сабабҳои забонии ба забоне ворид гардидани унсурҳои бегонатабор пеш аз ҳама пайдо шудани эҳтиёҷ ба номгузории ҳодисаҳои нави сершумор дар фаъолияти гуногуни инсоният аст. Дар ин маврид барои нормгузорӣ кардани ин ҳодисаву падидаҳои нав аввалан аз захираи луғавии забони миллӣ истифода карда мешавад. Вале, агар захираи луғавии забони миллӣ барои номгузорӣ кардани ин мафҳумҳои нав расоӣ накунад, он гоҳ рў ба иқтибоси унсури луғавӣ аз забони асл, ки соҳибонаш бо он ин мафҳуми навро ифода кардаанд, оварда мешавад. Барои он ки калимаи бегонатабор дар забони иқтибоскунанда мақоми иқтибосро соҳиб шавад, он бояд аз санҷиши ин забон гузарад, серистеъмол гардад. Танҳо дар ин сурат ин унсури луғавии бегонатабор ба захираи луғавии забони иқтибоскунанда чун унсури зарурӣ ворид гардида, боиси афзудани захираи луғавии забони миллӣ мегардад.
Иқтибоси истилоҳот аз забонҳои классикии илм (юнонӣ ва лотинӣ) ва забонҳои муқтадири илмӣ - англисӣ, русӣ, фаронсавӣ, олмонӣ ва чанди дигар, яке аз тарзҳои сермаҳсули истилоҳсозӣ дар ҳар як забони муосири пешрафта мебошад. Аз як тараф, иқтибоси калима гўё яке аз тарзҳои осони калимасозӣ аст. Вале иқтибос низ чун тарзҳои дигари истилоҳсозӣ (калимабандӣ, ибораороӣ, истилоҳгардонии калима, ихтисораҳо ва ғайра) бояд тибқи қоидаҳои қатъан илмӣ, бо риояи талаботи қоидаву қонунҳои забони миллӣ амалӣ карда шавад. Танҳо дар ин сурат истилоҳоти байналмилалӣ чун луғати арзишманд ба таркиби луғавии забони миллӣ ворид шуда, воситаҳои ифодаи ин забонро ғанӣ мегардонад. Бинобар ин муайян кардани принсипҳои иқтибоси истилоҳоти байналмилалӣ дар забони тоҷикӣ чун забони давлатии Тоҷикистон беш аз пеш аҳамияти муҳим пайдо кардааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё