ЗАБОНИ АДАБИЁТИ ИЛМИЮ ТЕХНИКИИ ТОҶИКӢ

Нуров Пирмаҳмад. Забони адабиёти илмию техникии тоҷикӣ. Дар воситаи илмии таълимии мазкур бори нахуст дар забоншиносии тоҷикӣ хусусиятҳои умумӣ, луғавӣ ва истилоҳотии забони адабиёти муосири илмии техникии тоҷикӣ мавриди баррасӣ, омўзиш ва таҳқиқ қарор гирифтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 67 саҳифа
Албатта, ба забон ворид гардидани истилоҳоти иқтибосӣ раванди маъмулӣ барои ҳар як забони миллӣ аст, вале зимни иқтибос бояд принсипҳое риоя шаванд, ки калимаҳои иқтибосӣ таркиби луғавии забони миллиро афзун гардонанд, вале монеи рушди минбаъдаи забони миллӣ нагарданд. Ба иборати дигар, иқтибос яке аз манбаъҳои ташаккули истилоҳоти миллӣ аст, вале асоси истилоҳоти миллиро забони адабии миллӣ ташкил медиҳад. Ҳар як амали иқтибосгирӣ бояд аз назари илмӣ асоснок бошад. Принсипҳои иқтибоси истилоҳоти байналмилалии илмиву техникӣ дар забони тоҷикӣ бояд инҳо бошанд:
Зимни иқтибос кардани истилоҳоти байналмилалӣ принсипи якум принсипи луғавиву семантикӣ мебошад.
Мувофиқи ин принсип истилоҳи байналмилалӣ дар мавриде пазируфта мешавад, ки дар забони тоҷикӣ ба воҳиди нави луғавӣ бо семантикаи муайян (яъне ишораи мафҳуми нав) зарурат бошад. Дар ин маврид калима дар як вақт бо мафҳуми илмии худ иқтибос карда мешавад (аббератсия,деформатсия, интерференсия, дисперсия, интеграл, дифференсиал ва ғайра).
Дар айни замон дар забони тоҷикӣ тавассути забони русӣ аксарияти истилоҳоти илмҳои физика, математика, геометрия, астрофизика, химия, тиб, техника бо мафҳумҳои худ ворид гардидаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё