ЗАБОНИ АДАБИЁТИ ИЛМИЮ ТЕХНИКИИ ТОҶИКӢ

Нуров Пирмаҳмад. Забони адабиёти илмию техникии тоҷикӣ. Дар воситаи илмии таълимии мазкур бори нахуст дар забоншиносии тоҷикӣ хусусиятҳои умумӣ, луғавӣ ва истилоҳотии забони адабиёти муосири илмии техникии тоҷикӣ мавриди баррасӣ, омўзиш ва таҳқиқ қарор гирифтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 67 саҳифа
§8. МЕЪЁРҲОИ ИҚТИБОС КАРДАНИ ИСТИЛОҲОТИ
БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМИИ ТЕХНИКӢ
Масъалаи мураттабсозӣ ва стандартгардонии истилоҳоти илмиву техникӣ боз аз он ҷиҳат аҳамияти муҳим пайдо кардааст, ки барои сатҳи муосири рушди илму технология мубодилаи иттилоот оид ба дастовардҳои илмӣ на танҳо дар байни олимону мутахассисони як давлат, балки дар байни олимону мутахассисони давлатҳои гуногун, ки бо забонҳои мухталиф ҳарф мезананд, хос аст. Ҳамкориҳои илмиву техникӣ ва фарҳангиву иқтисодии байни давлатҳо ба он боис гардида истодаанд, ки ба ҳар як забони миллӣ ба таври селосо на танҳо истилоҳоти нав, ҳатто баъзан якбора як системаи истилоҳоти ин ё он соҳаи нав ворид гардад. Дар натиҷа дар забонҳо миқдори истилоҳоти иқтибосӣ афзун мегардад, ки ин ба рушди минбаъдаи ҳамдигарфаҳмии байналхалқӣ ва мубодилаи иттилоот мусоидат мекунад.
Дар забони адабиёти илмии тоҷикӣ низ дар мавридҳои зарурӣ пазируфтани истилоҳоти баналмилалӣ ва русии илмӣтехникӣ ногузир аст, зеро илм ва техника аз рўйи табиати худ байналмилалист ва эабону истилоҳоти он низ табиати байналмилалӣ доранд.
Иқтибос гуфта унсури луғавие фаҳмида мешавад, ки аз низоми як забон ба низоми забони дигар дохил мешавад, Зарурати ба забоне аз забоне ворид гардидани иқтибос ҳодисаи танҳо сифр забонӣ набуда, балки ба омилҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, тиҷоратӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва монанди инҳо низ вобастагӣ дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё