ЗАБОНИ АДАБИЁТИ ИЛМИЮ ТЕХНИКИИ ТОҶИКӢ

Нуров Пирмаҳмад. Забони адабиёти илмию техникии тоҷикӣ. Дар воситаи илмии таълимии мазкур бори нахуст дар забоншиносии тоҷикӣ хусусиятҳои умумӣ, луғавӣ ва истилоҳотии забони адабиёти муосири илмии техникии тоҷикӣ мавриди баррасӣ, омўзиш ва таҳқиқ қарор гирифтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 67 саҳифа
Истилоҳпазирӣ аз забонҳои муқтадири илмӣ яке аз роҳҳои асосии истилоҳофарӣ дар ҳар гуна забони миллӣ мебошад. Ин роҳи дар шакли тайёр ва баъзан бо каме тағйирот пазируфтани истилоҳоти бегона, хусусан истилоҳоти забонҳои классикии илм (юнонӣ ва лотинӣ) ва ҳамчунин истилоҳоти забони муосири илм (инглисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, русӣ ва ғайра) тавассути забони русӣ (дар мавриди забони тоҷикӣ) мебошад. Ин амал бештар ба хотири аз ҷиҳати илмӣ саҳеҳ омадани истилоҳот воқеӣ карда мешавад.
Гузашта аз ин, мувофиқи анъанаҳои истилоҳпазирӣ ҳар як истилоҳ аз забони асл бо мафҳумаш (яъне таърифи илмиаш) иктибос карда мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё