Зеҳн
ЗАБОНИ АДАБИЁТИ ИЛМИЮ ТЕХНИКИИ ТОҶИКӢ

Нуров Пирмаҳмад. Забони адабиёти илмию техникии тоҷикӣ. Дар воситаи илмии таълимии мазкур бори нахуст дар забоншиносии тоҷикӣ хусусиятҳои умумӣ, луғавӣ ва истилоҳотии забони адабиёти муосири илмии техникии тоҷикӣ мавриди баррасӣ, омўзиш ва таҳқиқ қарор гирифтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 67 саҳифа

Технология
Аз аввал хондан

Ба таркиби ибораистилоҳоти системаи истилоҳоти як соҳаи илм калимаҳое аз захираи луғавии забони адабӣ, истилоҳоти ҳамин соҳаи илм ва ҳамчунин истилоҳоти илмҳои ҳамҷавор шомил буда метавонанд.Яке аз вежагиҳои тариқи тарҷума дар шакли ибора сохтани истилоҳоти илмӣ дар забони тоҷикӣ саҳеҳтару маънирастар тавлид ёфтани истилоҳ мебошад.
Бинобар ин, бовуҷуди ин, ки кўтоҳиву ғунҷоӣ яке аз талаботи асосии дурустии системаи истилоҳот аст, дар забони тоҷикӣ бештар дар шакли ибора сохта шудани истилоҳи илмиро набояд камии он донист. Шарти асосӣ дар ин маврид ин аст, ки калимаҳои таркиби ибора серрешаву душворфаҳм интихоб нагарданд, то ба маънирасии истилоҳ халале ворид нашавад. Дуруст аст, ки тибқи қоидаҳои умумии истилоҳофаринӣ дар баъзе мавридҳо ба хотири кўтоҳтару осонгуфтор омадани баъзе ибораистилоҳот рў ба сохтани рехтаистилоҳот (чунончи, фотопадида ба ҷойи падидаи фотоэлектрикӣ, комптонпадида ба ҷои пароканиши комптонӣ, гармо-катод ) ва истилоҳоти сарҳарфӣ ( МБВ – манзумаи байналмилалии воҳидҳо, ҚЭҲ – қувваи электрикии ҳаракатдиҳанда, ЯГҲИ – яккарди гармоҳастаии идорапазир, лазер, мазер, лавсан ва ғайра) оварда мешавад. Вале таҷрибаи сохтани истилоҳоти илмӣ дар забони тоҷикӣ собит месозад, ки хусусан дар шакли калимаҳои сарҳарфӣ, яъне бо роҳи аз ҳарфҳои аввали ибораистилоҳот сохтани истилоҳи кўтоҳ, он қадар натиҷаи матлуб намедиҳад, зеро дар хотир нигаҳ доштани ҳар яки ин гуна истилоҳот душвор аст.

пешина
аз 67
навбатӣ