Зеҳн
ЗАБОНИ АДАБИЁТИ ИЛМИЮ ТЕХНИКИИ ТОҶИКӢ

Нуров Пирмаҳмад. Забони адабиёти илмию техникии тоҷикӣ. Дар воситаи илмии таълимии мазкур бори нахуст дар забоншиносии тоҷикӣ хусусиятҳои умумӣ, луғавӣ ва истилоҳотии забони адабиёти муосири илмии техникии тоҷикӣ мавриди баррасӣ, омўзиш ва таҳқиқ қарор гирифтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 67 саҳифа

Технология
Аз аввал хондан

Чанде аз онҳоро номбар мекунем:

  1. дар аввал, дар оғоз, пеш аз ҳама, дар навбати аввал, пешакӣ, ҳозир, акнун ва ғайра, ки ба ибтидои муҳокимаи илмӣ далолат мекунанд; Мисолҳо: Акнун миқдори гурўҳҳои карбоксилиро дар 15 г сафеда аз таносуби зерин меёбем…; Пеш аз он, ки ба тавсифи ҳолати электрон дар асоси назарияи механикаи квантӣ гузарем, баъзе маълумотро аз курси физика ба хотир меорем…; Дар аввал, мо миқдори моддаи маҳлули 18%-и купороси мисро ҳисоб менамоем…; 2) дар як вақт, дар айни замон, дар баробари ин, зимнан, дар ин маврид, кайҳо, пештар, бори дигар, дар охир, ниҳоят, охирин ва ғайра, ки дар як вақт муттаҳид шудани афкорро ифода мекунанд; Мисолҳо:
  2. пас аз ин, баъдтар, сонитар, дар натиҷа, дар оянда, минбаъд, сипас, ниҳоят ва ғайра, ки хабари ояндаро нишон медиҳанд; Мисолҳо: Дар натиҷа, зичии абрҳои электронии атоми нитрогени метиламин нисбат ба зичии абрҳои электронии атоми нитрогени аммиак зиёдтар мегардад…; Чи тавре, ки дар оянда хоҳем дид, истифодаи ин ҷадвал ёфтани функсияи ибтидоиро барои баъзе функсияҳо осон менамояд …; Сипас маҳсули ҳосилшуда бо дигар молекулаи метанол, ва пас аз он бо молекулаи фенол пайваст мешавад…; 4) ин ҷо, он ҷо, дар ин ҷо, дар боло, дар поён ва ғайра, ки ба муносибатҳои фазоӣ далолат мекунанд; Мисолҳо: Ин ҷо ҳарфи m массаи ҷисмро ифода мекунад…; Дар поён реаксияи ядроии ҳосил намудани элементи менделевий (рақами тартибиаш 101) аз элементи эйнштейний нишон дода шудааст …; Ба далелҳои дар боло зикршуда такя намуда, мо ба моҳияти ҳибридшавӣ низ сарфаҳм рафта метавонем…; Аз ин ҷо аён аст, ки атоми береллий дар ҳолати асосӣ электронҳои тоқ надорад…
пешина
аз 67
навбатӣ