Зеҳн
ЗАБОНИ АДАБИЁТИ ИЛМИЮ ТЕХНИКИИ ТОҶИКӢ

Нуров Пирмаҳмад. Забони адабиёти илмию техникии тоҷикӣ. Дар воситаи илмии таълимии мазкур бори нахуст дар забоншиносии тоҷикӣ хусусиятҳои умумӣ, луғавӣ ва истилоҳотии забони адабиёти муосири илмии техникии тоҷикӣ мавриди баррасӣ, омўзиш ва таҳқиқ қарор гирифтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 67 саҳифа

Технология
Аз аввал хондан

Электрон соҳиби заряди манфӣ, вале протон соҳиби заряди мусбат аст; Дар ин формула С адади доимӣ буда, ба хосият ва маводи модда вобастагӣ дорад.
Аз дараҷаҳои муқоисавии сифат дар ин гунаи адабиёт шакли мураккаби дараҷаҳои муқоисавӣ (нисбат ба, назар ба, дар қиёс бо ва ғайра) ва олӣ бештар истифода мешаванд ва, зимнан, дар дараҷаҳои олӣ пасванди -тарин серистеъмол аст:
(қимати зиёдтарин, шиддати камтарин, баландтарин, пасттарин ва монандии инҳо).
Қимати баландтарини ҳарорат, ки дар он оҳан гудохта
0 мешавад, 1500 С мебошад; Сифатҳои аслӣ дар забони адабиёти илмию техникӣ камтар истифода мешаванд ва асосан барои ифода кардани аломатҳое мисли ранг (сурх, сафед, кабуд, зард, норинҷӣ ва ғайра), тамъ (ширин, талх, гарм, сард ва ғайра) ва сатҳу масофа (дур, дароз, наздик, рост, васеъ, кўтоҳ ва ғайра) истеъмол мешаванд.
Аз хелҳои зарф дар забони адабиёти илмию техникӣ зарфҳои миқдору дараҷа ба таври фаровон истеъмол мешаванд:
кам, зиёд, андак, мутлақо, басе, бағоят, бисёр, хеле, торафт, камтар, зиёдтар, қадре, тоқ-тоқ, ҷуфт-ҷуфт, як дараҷа, як миқдор ва монанди ин. Баъзе зарфҳои макон низ ба назар мерасанд: дарун, берун, пеш, қафо, боло, поён, дурр, наздик, дуртар, наздиктар, поёнтар, пештар ва ғайра Дар забони адабиёти илмию техникӣ ҷонишин, сифати феълӣ ва воситаҳои алоқа, чун пешоянду пайвандакҳо ва монанди инҳо низ дучор меоянд.

пешина
аз 67
навбатӣ