Зеҳн
Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Роҳнамо оид ба таъсис додани хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) дар шакли кооперативҳои истеҳсолӣ, ширкатҳои хоҷагидор ва ассотсиатсияҳои онҳо:

  1. Додани ариза ба Ҳукумати ноҳия ё ин ки шаҳр; 2. Ҳукумат аризаро ба Кумитаи заминсозии ноҳия (шаҳр) пешниҳод мекунад; 3. Кумита баъди дида баромадан ва интихоби қитъаи замин ба ҳукумати ноҳия пешниҳодот пешкаш менамояд; 4. Ҳукумат қароре қабул мекунад, ки дар он қоидаҳои асосии ташаккулёбӣ ва имтиёзҳо барои хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ифода ёфтаанд.
  2. Кумитаи заминсозӣ сертификати ҳуқуқи умрбодии меросиро ба соҳиби қитъаи замин медиҳад; 6. Гузаронидани маҷлиси умумӣ, тасдиқи оиннома, шартномаи муассисӣ, роҳбарони кооперативи-истеҳсолӣ, намунаи муҳр ва штамп; 7. Пешниҳоди ҳамаи ҳуҷҷатҳо ба идораи адлия барои гирифтани санади экспертизаи ҳуқуқӣ ; 8. Пешниҳоди ҳамаи ҳуҷҷатҳо ба кумитаи агентии давлатии сиёсати зидди монополӣ ва дастгирии соҳибкорон дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти он дар вилоятҳо барои гирифтани санади экспертизаи ҳуқуқӣ; 9. Ба қайд гирифтани кооперативи-истеҳсолӣ ва гирифтани шартномаи бақайдгирӣ, дар нотариус тасдиқ намудани нусхаи ҳамаи ҳуҷҷатҳо.
  3. Бақайдгирӣ дар идораи омори вилоятӣ, ноҳиявӣ ё шаҳрӣ (гирифтани кодҳо):
  • мактуб;
  • нусхаи оиннома, шартномаи муассисӣ (барои шиносоӣ);
  • нусхаи шаҳодатнома (барои шиносоӣ).
  1. Дар идораи омори шаҳр ё ноҳия ба қайд гирифтан:
  • мактуб;
  • нусхаи оиннома, шартномаи муассисӣ (барои шиносоӣ);
  • нусхаи шаҳодатнома.
  1. Бақайдгирӣ ва гирифтани иҷозатнома аз ҳукумат барои тайёр кардани муҳр ва штампи кунҷӣ аз рўи эскиз:
  • нусхаи оиннома ва шартномаи муассисӣ;
  • нусхаи шаҳодатнома;
пешина
аз 164
навбатӣ