Зеҳн
Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Ба қобилияти нешзанӣ шароитҳои агротехникӣ (сохтори хок, сифати коркарди он, мўҳлати кишт, безарар сохтани тухмӣ ва чуқурии қарордошти он) таъсири зиёд мерасонанд. Чуқурии қарордод барои зироатҳои лўбиёгӣ камтар аст. Барои пешгўӣ (ташхис) намудани қобилияти нешзанӣ дар шароити лабораторӣ дар хок парвариш намудани тухмӣ амалан санҷида мешавад.
Талабот ба мавод (тухмӣ)-и киштшаванда қатъиян тақозо мекунад, ки стандартҳои он риоя карда шаванд, яъне онҳо бояд соҳиби сифатҳои физикию биологӣ бошанд. Тухмиҳо бояд безахм, хушки барҷаста, аз ҷиҳати навъ соҳиби асолат бо қобилияти баланди нешзанӣ, энергияи сабзиш ва қувваи рушд бошанд.
Муайян намудани сифати тухмӣ – назорати тухмӣ дар баланд бардоштани ҳосилнокӣ нақши муҳим мебозад ва лозим аст, ки дар як сол ду маротиба сифати тухмӣ санҷида шаванд.
Санҷиш (таҳлил) аз интихоби намуна оғоз меёбад. Гираи найчагин (щуп) истифода бурда шуда, андозаи тўдачаҳои намуна вобаста ба зироат аз 250 г (юнучқа) то 1 кг (гандум) ҷудо карда мешаванд. Қайд, санад ва муқоиса бо стандарт (намнокӣ, ранг, ҷило мавҷудияти мағор, доғҳо ва ғ) ба ҷо оварда мешавад.
Муайян намудани қобилияти нешзании тухмӣ барои ба даст овардани майсаи якхела ва ҳосили баланд нишондоди муҳим ба ҳисоб меравад. Навдачаҳои инкишофёфтаи ба даст оварда бо ифодаи фоиз қобилияти нешзании тухмиро мефаҳмонад ва он бояд на камтар аз 92-96% бошад.
Муайян намудани қобилияти ҳаётии тухмӣ – асосан ранг кардани нутфаҳоро истифода мебаранд. Тухмиҳоро ба дарозиашон пора мекунанд ва дар маҳлули индиокормин ба муддати 10-15 дақиқа тар мекунанд-тухмиҳои қобилияти ҳаётидошта рангро ба худ намегиранд.
Массаи 1000 дона тухмӣ – бо роҳи бар кашидани 1000 дона тухмии аз намуна интихобшуда муайян карда мешавад. Ҳар қадар тухмиҳо барҷастатар бошанд, майсаи нешзананда ҳамон қадар беҳтар аст. Массаи 1000 дона тухмӣ барои муайян намудани меъёри кишти тухмӣ хизмат мекунанд. Тухмиҳо ҳар қадар барҷаста бошанд, меъёри кишт ҳамон қадари дигар баландтар аст.
Тар кардани тухмӣ – барои ба тезӣ ба даст овардани майсаҳо тухмиҳоро дар маҳлулҳои рушдкунандаи гиберлин, дар микронуриҳо (Мн, В) нуриҳои минералӣ P, N, K, тар мекунанд, ки дар ҷараёни сабзиши тухмиҳо иштирок менамоянд.

пешина
аз 164
навбатӣ