Зеҳн
Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Нешзании тухмӣ аз ҷараёни фурўбарӣ (ҷаббиш)-и об ва варам кардан оғоз ёфта, чунин давраҳо (фазаҳо)-и варамкунӣфаъол гаштани ферментҳо, тақсимёбии ҳуҷайраҳо ва дар сатҳи болоии онҳо зоҳир гаштани неш (корешок)-ро дар бар мегирад.
Барои ин ҷараён нисбат ба ҷараёни майсазанӣ ҳарорати камтар 1- 20С лозим аст.
Вазъи оромӣ чунин хосияти организми растанист, ки дар ҷараёни эволютсияи организм барои нигоҳ доштани тухмии табиат офарида мусоидат намуда, вазъи оромӣ, нешзании тухмиро танҳо дар шароитҳои мусоид таъмин месозад. Вазъи оромӣ дар зироатҳои киштшаванда бештар дар шакли бозрасиши тухмӣ (дозревание семян) пас аз ҳосилғундорӣ зоҳир мегардад.
Баромадани тухмӣ аз вазъи оромӣ бештар бо роҳи тар намудани тухмӣ ва скарификатсияи (ҳарошхўрии тухмӣ) он ба амал меояд.
Бозрасишии пас аз ҳосилғундории тухмӣ дар дарза ва амборхона ба амал меояд. Дар ин давра митаркиби сафеда зиёд мегардад. Дар ҷумҳурии мо давраи бозрасиши тухмӣ кўтоҳтар аст, аз ҷумла, дар лаҳзаи ҳосилғундории гандум қобилияти нешзанӣ 40-45%, пас аз ду ҳафта 65%, пас аз 4 ҳафта 80-85% ва пас аз 6 ҳафта бошад, 90-95% -ро ташкил медиҳад, ки аз ин ҷо чунин хулоса бароварда мешавад: барои кишт тухмии соли гузашта бояд истифода гардад.
Дарозумрии тухмӣ гуфта, давомнокии қобилияти ҳаётии тухмӣ дар назар дошта, аз таркиби кимиёӣ, шароити ташаккулёбӣ ва нигоҳдории он вобастагӣ дорад. Тухмиҳое, ки дар иқлими хушк парвариш ёфтаанд, бо дарозумрии худ фарқ мекунанд. Дар хок баъзе аз зироатҳо қобилияти нешзании худро то 8-10 сол нигоҳ медоранд. Дар об қобилияти нешзанӣ тезтар аз байн меравад (тухмии шолӣ дар 6-7 рўз незаниашро пурра аз даст медиҳад, агар тухмӣ дар ҷои намнок нигоҳ дошта шавад) тухмиҳои пунба, ҳангоми дар хоҷагиҳо нигоҳ доштан қобилияти нешзаниашонро дар давоми 4-5 сол нигоҳ медоранд.
Нешзании саҳроӣ моҳияти муҳими амалӣ дорад ва аз он зичии қарордошти растанӣ ва растаниҳои солиммонда (боқимонда) вобастагӣ дорад; бояд қайд сохт, ки қобилияти нешзании саҳроӣ (майдонӣ) нисбат ба лабораторӣ ба миқдори 10- 30% пасттар аст. Барои баланд бардоштани қобилияти нешзании майдонӣ боҷиддият омода намудани тухмиҳо ба кишт, гарм кардан, тоза намудан ва сифати онҳо тавсия карда мешавад.

пешина
аз 164
навбатӣ