Зеҳн
Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Муқаррар намудани нархи ниҳонӣ

Талабот, чун қоида нархи ҳадди муносибро муайян мекунад, ки истеҳсолкунандаи маҳсулоти кишоварзӣ метавонад барои моли хеш талаб намояд. Нархи ҳадди ақал бошад ба василаи хароҷотҳо (доими ва тағирёбанда) муайян карда мешавад.
Хароҷотҳои доими (“Хароҷотҳои иловагӣ”) масрафоте, ки тағирнаёбанда мемонанд. Аз ҷумла ташкилот бояд ҳармоҳа барои иҷораи бино, гармирасонӣ, пардохти фоизҳо, музди кори коргарон ва ғайра пардохт намояд. Хароҷотҳои доими, новобаста аз сатҳи истеҳсолот, ҳамеша вуҷуд доранд.
Хароҷотҳои тағирёбанда тибқи вобастагии бевосита аз сатҳи истеҳсолот тағйир ёфта меистанд. Ҳар як килограмми ғалла барои хариди тухмӣ, фарсудашавии техника, сузишворӣ ва амсоли ин хараҷотро дар бар гирифта, аз ҳисоб ба воҳиди маҳсулот ин хароҷотҳо одатан таъғирнаёбанда мемонанд.
Тағирёбанда бошад, барои он номида мешаванд, ки суммаи умумии онҳо вобаста аз миқдори воҳиди моли истеҳсолшуда тағйир ёфта меистад.
Нақшаи талабот, суммаи хисобии хароҷот ва нархҳои рақобаткунандагонро дониста, ташкилот барои интихоби нархҳои амволи хеш тайёр мегардад. Нарх дар фосилаи байни аз ҳад паст, ки даромадро таъмин намекунанд ва аз хад зиёд баланд, ки барои талабот монеъ мегардад, қарор мегирад.
Муассиса муаммои наргузориро тибқи интихоби методикаи баҳисобгирии нархҳо ҳал менамояд, ки дар он ақалан яке аз ин се мулоҳиза ва ҳисоб гирифта мешавад ва умед мебандад, ки методи интихобшуда имкон медиҳад, ки нархи мушаххас дуруст ҳисоб карда шавад;
-хароҷотҳои миёна бо иловаи даромад;
-таҳлили ғайри зиёновар ва таъмини даромади бомақсад;
-муқаррар намудани нархҳо тибқи арзишҳои эҳсосшавандаи мол;
-муқаррар намудани нархҳо дар асоси сатҳи нархҳои ҷорӣ;
-муқаррар намудани нархҳо дар асоси савдои ғайрикушод.
Реклама ва фаъолияти ғайритарғиботӣ Реклама чист? Андозаҳои муҳимтарини он чигунаанд?
Ҳамгони муайян кардани реклама шаш унсури стандарти онро ҷудо месозанд. Якум, реклама шакли пардохшудани шабака мебошад гарчи баъзе аз навъҳои он, масалан, самти иҷтимои вақти ва майдони бемуздро дар васоити ахбори оммавӣ соҳиб аст.

пешина
аз 164
навбатӣ