Зеҳн
Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Ҳеҷ як харидори ҷудогона ё фурўшанда сатҳи нархҳои ҷории бозории мол таъсири калон расондан наметавонад. Фурўшанда наметавонад нархи болотар аз нархи дар бозор муқаррар шударо талаб намояд, зеро ҳар як харидорон метавонанд ба тарики озод ҳама гуна молро ба нархи дар бозор муқарраргардида озодона харидорӣ намоянд. Ҳамчунин фурўшандаҳо нархи пастар аз нархи дар бозор муқаррашударо пурсанд, зеро ҳама гуна моли заруриро рўи нархи дар бозор муқарраргардида мефурўшанд.
2) Бозори рақобати монополиявӣ аз харидорон ва фурўшандагони зиёде иборат мебошад. ки муомилоти хешро на аз рўи нархи ягонаи бозорӣ, балки дар доираи васеи нархҳо ба амал мебароранд, бар ҷами ин нархҳои мазкур ба фурўшандагон имкон медиҳад, ки ба харидорон молҳои гуногунро пешниҳод намоянд.
3) Бозори олигополитикӣ аз якчанд нафар фурўшандагони на он қадар зиёде, ки нисбат ба сиёсати нархгузорӣ ва стратегияи агромаркетингӣ байни ҳам ҳассос мебошанд, иборат мебошад.
4) Монополияи холис - бозоре ки ҳамагӣ аз як фурўшанда иборат мебошад. Ин вазъият дар бозори маҳсулоти кишоварзӣ тамоман кам воқеъ мегардад.
Ҳамин тариқ, имконият ва муаммоҳои сиёсати нарх вобаста аз навъи бозорҳо тағйир ёфта меистад. Ба истиснои мавридҳои кории рақобати холис дар бозор, ба молистеҳсолкунандагони кишоварзӣ лозим аст, ки ба моли худ нархҳои ибтидоии хешро муқаррар намоянд. Дар расм методикаи баҳисобгирии нархҳо, ки аз шаш давра иборат мебошад, нишон дода шудааст:

Гузориши вазифаи нархгузор

Муайян намудани талабот

Баҳо додани хароҷот

Таҳлили нарх ва амволи рақобаткунандагон

Интихоби методи нархгузорӣ

пешина
аз 164
навбатӣ