Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа
Талабот ин эҳтиёҷоти мебошад, ки мутобиқ бо сатҳи фарҳанги ва фардияти инсон шакли касро гирифтааст.
Дархост – талаботе мебошад, ки бо қобилияти харидорӣ мустаҳкам гардонида шудааст.
Мол - ҳамаи он чизе, ки ба бозор бо мақсади харид, истеъмол, фуруш ва ҷалб намудани диққат пешниҳод мегардад.
Мубодила – лаҳзае, ки объекти дилхоҳ аз кассе бар ивази пешниҳоди чизе ба даст оварда мешавад. Масалан, инсони гурусна метавонад бо ёрии ишкор, моҳигирӣ ё ҷамъоварии бо дасти дароз садақа пурсад ё бар ивази хурок пул, мол ё хизмат пешниҳод намояд.
Созиш – ин мубодила ба василаи ашёҳое мебошад, ки барои ҳар ду ҷониб соҳиби арзиш мебошад: яке мол Х дода дигаре бар ивази он мол Y медиҳад.
Бозор – ин маҷмуи аллакай мавҷудаи молу харидори он мебошад.
Ҳамин тавр, вазифаи асосии ба василаи агромаркетинг идора намуданиро дастгири ва нигоҳдории мутобиқати байни вазъи муҳити маркетиги ва системаи ба он мувофиқи фаъолияти агромаркетингии муассиҳои КАС доир ба комёб гаштан ба ҳадафҳои дар назди он истода метовон донист.
Муҳити маркетингӣ. Муҳити агромаркетингӣ метавон шартан ба микромуҳити маркетингӣ муассиса ва макромуҳити он ҷудо карда шавад.
Микромуҳити агромаркетингӣ муассиса чунин унсурҳоеро , ки вай бевосита ҳамаруза дар фаъолияти худ бо онҳо дучор меояд, дар бар мегирад: таҳвилкунандагон, рақобаткунандагон, миёнаравони маркетинги (миёнаравони тиҷорати, ташкилкунандагон, ҳамлу нақл ва нигоҳдорандагони маҳсулот, муассисаҳои молиявию қарздиҳанда, агентҳои тарғиботи ва ғ.), аҳли тамос ва мизоҷони мақсаддори бозорҳо.
Маҷмуи омилҳое, ки ҳам ба фаъолияти худи муассиса ва ҳам ба дигар унсурҳои микромуҳит таъсири вусъатноку васеъмиқёс мерасонанд, мафҳуми макромуҳити агромаркетингиро ташкил медиҳанд. Инҳо омилҳои зерин мебошад: сиёсию ҳуқуқи, иқтисодӣ, илмию техники, таби иқлимӣ, демографии, моҳияти фарҳангӣ дошта.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё