Зеҳн
Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Аммо вобаста ба қонунгузории замин боз як намуди ҷавобгарӣ низ вуҷуд дорад, ки он дар худи қонунҳои оид ба замин пешбинӣ шудаанд. Мисол, мувофиқи банди "а" моддаи 25 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хоҷагихои деҳқонӣ (фермерӣ)"
ва банди "з" моддаи 37 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати дар мўҳлати 1(як) сол бо мақсадҳои кишоварзӣ истифода набурдани қитъаи замин, асоси қатъ гаштани фаъолияти он мегардад.

БОБИ 2. ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНӢ (ФЕРМЕРӢ)

Моддаи 1. Мақсади қонуни мазкур Қонуни мазкур асосҳои ташкил ва фаъолияти хоҷагии дехконӣ (фермерӣ)-ро дар Ҷумхурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Қонуни мазкур асосҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқии ташкил ва фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ассотсиатсияҳои онҳоро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Қонун ба шаҳрвандон ҳуқуқи дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намудани хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), мустақилияти хоҷагидорӣ, мусоидат ба фаъолияти онҳо, аз тарафи давлат муҳофизат шудани манфиатҳои қонунӣ ва ҳуқуқӣ, ҳамкории озоди онҳоро кафолат медиҳад.
Қайд менамоем, ки Қонуни мазкур моҳи марти соли 2002 тасдиқ гардидааст. Ин қонун муйян кардани асосҳои фаъолияти, иқтисодӣ, ҳуқуқи ва тартиби ҷудо намудани замин ба хоҷагиҳои деҳқонӣ(фермерӣ)-ро дарбар мегирад.
Моддаи 2. Қонунгузорӣ дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон такя намуда, аз ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмиллалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошад.
Ин қонун дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои байналмиллалие, ки ҶТ эътироф намудааст тартиб дода шудааст.Онҳо аз қабили Кодекси Граждани, Кодекси меҳнати, Кодекси замин, Фармонҳои Президенти ҶТ ва дигар актҳои меъёрӣ иборат мебошанд.

пешина
аз 164
навбатӣ