Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа
Тараққиёти муносибатҳои кредитӣ ба пайдошавии шаклҳо ва намудҳои гуногуни кредит омада расид. Онҳоро аз руи нишонаҳояшон ба чунин синфҳо ҷудо месозем. Аз руи муҳлати додани кредит онҳо ба чунин намудҳо ҷудо мешаванд:
кредити кутоҳмуҳлат, ки ба муҳлати то як сол дода мешавад; кредити дарозмуҳлат, ки ба муҳлати зиёда аз як сол дода мешавад; кредити «таввакалӣ», ба муҳлатҳои номуайян дода шуда бо талаби аввалин ба қарздеҳ баргардонида мешавад.
Имрўзҳо яке аз чорабиниҳои ба марзи муҳокима гузошта шуда иҷрошавии масъалаи аҳамияти маишӣ дошта, барномаи «Микромаблағгузорӣ» мебошад. Ҳадаф аз татбиқи ин барнома паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар ва пеш бурдани соҳибкории хурд аст.
Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонунро «Дар бораи маблағгузории хурди ташкилотҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таҳия намуда, ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудааст. Дар арафаи муҳокима мо хостем ба ин мафҳум каме равшанӣ андозем.
Вазифаҳои асосии хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) дар арафаи микроқарздиҳӣ (микромаблағгузорӣ) инҳоянд; а) дар бараи усулҳои микромаблағгузорӣ маълумотҳо гирифтан; б) бо гурўҳҳои мақсадноки гуногуни қарздиҳандагон шинос шудан; в) бо намудҳои эҳтимолии баргардонидани қарзҳо шинос шудан; г) муайян намудани муҳлатҳои баргардонидани қарз; д) муайян намудани ҳаҷми фоиз; е) марҳилаи ташаккул ва тараққиёти гуруҳи масъулиятнокӣ якдилӣ (ГМЯ) - ро муайян кардан; ж) бо талабҳо нисбат ба фермерони қарздор шинос шудан.
Усули микромаблағгузорӣ ба консепсияи «Қарзи пулии Боэътимоди Гуруҳӣ» такя мекунад ва бомуваффақият дар бисёр мамлакатҳо ва ташкилотҳо ҷорӣ шуда истодаанд. Асосгузори ин икдом Грамун Бонки Бангладеш ва бонкҳои АССIN international ва FINCA –и Амрикои Лотинӣ ҳисоб меёбанд. Дар онҳо барои гуруҳҳои масъулиятноки якдилӣ (ГМЯ) миқдори қарз аз 100 $ то 500 $ буда, ҳаҷми фоизаш дар як моҳ 3 % -ро ташкил мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё