Зеҳн
Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Меъёри миёнаи андози замин дар ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди Кумитаи заминсозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
Истифодабарандагони замин (шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ) ҳар сол на дертар аз 1 марти соли ҳисоботи ба мақомоти андози маҳали воқеъ будани қитъаи замин ҳисобу китоби андози заминро, ки ба онҳо таалуқ дорад, пешниҳод менамоянд. Маблағи андози замини берун аз шаҳр ва шаҳракҳо бояд на дертар аз 15 октябр ва 15 декабр бо ҳиссаҳои баробари маблағи яксола пардохта шаванд. Барои заминҳои шаҳр ва шаҳракҳо андоз бояд дар мўҳлатҳои на дертар аз 15 март, 15 июн, 15 сентябр ва 15 декабр бо ҳиссаҳои баробари маблағи яксола пардохта шаванд.
Ҳисобу китоби андоз барои заминҳои нав ҷудокардашуда дар муддати 1 (як) моҳ аз лаҳзаи ҷудошави бояд пешниҳод карда шавад.
Моддаи 234 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон барои як қатор заминҳо имтиёзҳо пешбинӣ кардааст, ки номгўйи пурраи онҳо дар замимаҳои китоби мазкур оварда шудаанд.
Андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ.
Ин намуди андозро ҳамаи корхонаҳое, ки шахси ҳуқуқӣ (юридикӣ) мебошанд, месупоранд. Андози мазкур аз фоидаи ба даст даровардаи корхона пардохта мешавад. Фоида гуфта фарқи мусбии байни даромади умумии корхона ва маблағҳои ҳамчун мўзди меҳнат ва дигар гуна хараҷотҳои сарфшуда фаҳмида мешавад. Меъёри андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ 30 % аз фоидаи корхона мебошад.
Андоз аз арзиши иловашуда.
Андоз аз арзиши иловашуда андози бавоситаест, ки ба арзиши нархи мол (маҳсулот, хизматрасонӣ) ҳамроҳ мегардад.
Меъёри андоз аз арзиши иловашуда 20% аз муомилот ё воридоти андоз бандишавандаро ташкил мекунад.

пешина
аз 164
навбатӣ