Зеҳн
Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Хоҷагии деҳқонӣ намудҳои зерини андозҳоро бояд ҷамъан пардохт намояд:

  1. Андози замин; 2. Андоз аз фоидаи корхона; 3. Андоз аз арзиши иловашуда; 4. Андоз аз моликияти корхона; 5. Андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард; 6. Андози фуруш; 7. Андоз аз даромади шахсони воқеъӣ; 8. Пардохти иҷтимоӣ; 9. Андози фуруши чакана; 10. Андоз барои нигоҳ доштани нақлиёти ҷамъиятии мусофиркаш.
    Аз андозҳои номбаршуда андозҳои 1,2,3,4,5,6,7 ва 8 андозҳои умумиҷумҳуриявӣ буда, ба буҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешаванд. Ду андози дигар андозҳои маҳаллӣ буда, онҳо ба буҷаи маҳалӣ (ноҳия ё шаҳр) супорида мешаванд.
    Андози замин аз тарафи истифодабарандагони замин пардохта мешавад, ки қитъаҳои замин ҷиҳати истифодабарии бемуҳлат ё истифодаи якумраи мерос ба номи онҳо қайд шудааст.
    Андози замин бо дар назардошти таркиби киштзор, сифати онҳо ва ҷойгиршавии қитъаи замин, баҳои кадастрии замин, тарзҳои истифодабарӣ ва хусусиятҳои экологӣ муайян карда мешавад. Асоси муайян намудани андози заминро ҳуҷҷатҳои заминию кадастрии истифодабарандаи замин ташкил мекунад.
    Ҳаҷми андози замин аз натиҷаи фаъолияти истифодабарандаи замин вобаста нест ва дар шакли пардохти устувор ба ҳисоби як сол муайян карда мешавад. Ин қоида маънои онро дорад, ки андози замин новобаста аз он, ки хоҷагии деҳқонӣ дар натиҷаи фаъолияташ ягон гуна даромад ба даст даровардааст ё не он ҳатман пардохта мешавад. Он дар як сол як маротиба вобаста ба ҳаҷми замини дар истифодаи хоҷагии деҳқонӣ қарордошта ба андозаи муқаррар намудаи қонун пардохта мешавад.
    Моддаи 231 Кодекси андози Чумҳурии Тоҷикистон меъёри миёнаи андози заминро барои 1 (як) гектар ба андозаи зерин муқаррар кардааст (бо сомони ва дирам):
пешина
аз 164
навбатӣ