Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа
Агар ширкати хоҷагидорӣ ё кооперативи истеҳсолӣ, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуда бошанд, пас аз гирифтани сертификати ҳуқуқи истифодаи замин дар мақомоти адлияи маҳалли воқеъшудашон ба қайди давлатӣ гирифта мешаванд ва омори давлатӣ-маҳаллӣ онро ба ҳисоб мегирад.
Ҷамоати деҳот (шаҳрак) ҳар як хоҷагии деҳқонӣ, ширкати хоҷагидорӣ ва кооперативи истеҳсолиро дар дафтари хоҷагӣ ба қайд мегирад.
Моддаи 17. Ҳуқуқи хоҷагии деҳқонӣ ва аъзои он Хоҷагии деҳқонӣ ва аъзои он ҳуқуқ доранд:
а) дар замин мустақилона хоҷагидорӣ намоянд; б) қитъаи замин ё як қисми онро дар мавриди муваққатан қобилияти меҳнатиро аз даст додан, даъват ба хизмати ҳақиқии ҳарбӣ ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, таҳсил ва дигар мавридҳои муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иҷора диҳанд; в) дар мавриди аз тарафи давлат гирифтани қитъаи замин ҷуброни пурраи хароҷоти бардоштани ҳосилхезии замин ва зарар, аз ҷумла фоидаи аз даст додашударо гиранд; г) соҳиби маҳсулоти истеҳсолшуда ва даромад аз фурўши он бошанд, ҳиссаи худро талаб намоянд; д) аз истифодаи замин ихтиёрӣ даст кашанд; е) сарфи назар аз ризоияти дигар аъзои хоҷагии деҳқонӣ мувофиқи саҳми худ аз ҳайати хоҷагии деҳқони бароянд; ё) аз канданиҳои фоиданоки маъмул (рег, шағал, гил, санг, манбаҳои об) ва дигар хосиятҳои фоиданоки қитъаи замини хоҷагии деҳқонӣ ба таври муқарраргардида истифода баранд; ж) харидан, ба иҷора гирифтан ё муваққатан истифода бурдани амволи ташкилотҳо ва шаҳрвандони алоҳидаро доранд; з) барои амалӣ намудани фаъолияти сохибкорӣ шартномаҳо банданд; и) дар мавриди беш аз як гектар будани масоҳати қитъаи замини хоҷагии деҳқонӣ дар масоҳати на бештар аз 0,03 гектар бинои ёрирасон созанд; к) аз дигар ҳуқуқҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода баранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё