Зеҳн
Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Моддаи 8. Салоҳияти ҷамоатҳо.
Ҷамоатҳо дар соҳаи танзими муносибатҳои вобаста ба замин дар қаламрави маҳалҳои аҳолинишини деҳот чунин салоҳият доранд:'
а) додану пас гирифтани заминҳо; б) муқаррар ва тасдиқ намудани андозаи заминҳои наздиҳавлигӣ дар доираи меъёрҳое, ки дар моддаи 71 ҳамин Кодекс оварда шудаанд; в) ба қайдгирии ҳуқуқи истифодабарӣ ва шартномаҳои иҷораи замин; г) тартиб додани китоби хоҷагидорӣ; д) назорати истифода ва ҳифзи заминҳо.
Моддаи 10. Заминистифодабарандагон.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Замин истифодабарандагон шахсони юридикӣ ва воқеӣ мебошанд, ки ҳуқуқи истифодаи бемуҳлат, муҳлатнок ва ё меросии якумраи заминро дар асоси шартномаи иҷораи истифодаи замин истифода мебаранд.
Моддаи 12. Истифодаи меросии якумра.
Ба истифодаи меросии якумра замин ба ашхоси воқеи ва коллективҳои шаҳрвандон барои ташкили хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) ва касбҳои анъанавии мардумӣ дода мешавад.
Қитъаҳои замине, ки бо ҳуқуқи истифодаи меросии якумра дода шудаанд, ҳангоми маълум гаштани мерос бояд аз нав ба қайд гирифта шаванд.
Моддаи 13. Истифодаи мўҳлатноки замин.

пешина
аз 164
навбатӣ