Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа
Моддаи 5. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумхурии Точикистон дар сохаи танзими муносибатхои вобаста ба замин.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими муносибатҳои вобаста ба замин чунин салоҳият дорад:
а) ихтиёрдории (мусодира ва додани) заминҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсадҳои умумидавлатӣ 6о ризоияти мақомоти дахлдори ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо; б) ташкили корҳо ҷиҳати таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатию байнидавлатӣ доир ба истифодаи оқилонаи замин, афзудани маҳсулнокии хок, ҳифзи заминҳо дар маҷмўъ бо дигар тадбирҳои ҳифзи табиат; в) ҳамоҳангсозии кори мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ дар мавриди татбиқи барномаҳои давлатӣ оид ба истифодаи ҳифзи замин; г) таъмини маблағгузории тадбирҳо оид ба истифодаю ҳифзи замин дар ҷараёни таҳияи буҷети давлатӣ ва пешниҳоди он ба Маҷлиси Олӣ; д) бо ризоияти мақомоти дахлдори ҳокимияти ичроия дар маҳалҳо муқаррар намудани ҳудуди майдонҳои муҳофизати махсуси табиат; е) муқаррар намудани тартибу руёндани андози замин ва иҷорапулии замин; ж) муқаррар намудани тартиби ташкил ва пешбурди корҳои танзими замин, кадастри давлатии замин ва мониторинга замин.
Моддаи 6. Салоҳияти Кумитаи захира ва танзими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими муносибатҳои вобаста ба замин.
Кумитаи захира ва танзими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Кумитаи замини Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва мақомоти он дар маҳалҳо чунин салоҳият дорад:
а) тайёр намудани таклифҳо оиди идоракунии захираҳои замин; б) амали гардонидани корҳои танзими замин; в) гузаронидани мониторинги замин; г) пешбурди кадастри давлатии замин; д) назорати давлатии истифодаи ҳифзи замин, додани супоришҳо оиди бартараф намудани вайронкуниҳои ошкоргаштаи қонунгузории замин, ки иҷрояшон ҳатмӣ мебошад; е) таҳия ва мувофиҳи тартиби муқараргардида ҷиҳати тасдиқ, пешниҳод намудани миқдори андози замин ва ҷарима барои вайрон куниҳои қонунгузории замин; ж) доир ба масъалаҳои вайронкунии қонунгузории замин бе пардохти боҷу хироҷ ба суд муроҷиат намудан; з) ба қайд гирифтани ҳуқуқи истифодаи қитъаҳои замин ва мувофики тартиби муқараргардида ба истифодабарандагони замин додани ҳуҷатҳое, ки ҳуқуқи истифодаи заминро тасдиқ менамоянд; и) боздоштани ҳамагуна сохтмонҳо, истихроҷи канданиҳои фоиданок ва торф, истифодаи объектҳо, иҷрои корҳои мелиоративии ҷангал, иктишофи геологӣ, ҷустуҷўи, геодезӣ ва дигар корҳое, ки бо вайрон кардани қонунгузории замин иҷро мегарданд; к) ҳалли баҳсу мунозираҳои оиди замин истифодабарӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё