Зеҳн
Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Қитъаҳои замини ошкоршуда ва ба фонди махсус дохил кардашуда бо қарори мақомоти ҳокимияти иҷроияи ноҳия (шаҳр) барои ташкили хоҷагии деҳқонӣ гирифта мешаванд. Розигии заминистифодабарандагон барои гирифтани ин заминҳо талаб карда намешавад.
Хоҷагии деҳқониро дар заминҳои ба хоҷагиҳои тухмипарварӣ, ниҳолпарварӣ, зотпарварӣ, муассисаҳои тадқиқотӣ, илмӣ-истеҳсолӣ, таълимӣ, таҷрибавӣ, омўзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, мактабҳои таълими ҳамагонӣ вобасташуда, инчунин дар заминҳои фонди давлатии об ташкил кардан мумкин нест.
Дар ҳар як ноҳия (шаҳр) фонди махсуси заминҳо барои ташкил намудани хоҷагии деҳқонӣ вуҷуд дорад. Он аз заминҳое, ки бо сабабҳои гуногун аз истифода баромадааст ё камарзиш аст, захиравӣ, замини истеҳсолоте, ки дар мўҳлати як сол ё ғайрикишоварзӣ, ки дар мўҳлати ду сол, заминҳои ҳамаи категорияҳо, ки самаранок ва мувофиқи мақсад истифода нашудааст, заминҳои хоҷагии ҷангал, ки барои истеҳсолоти кишоварзӣ мувофиқанд, заминҳои хоҷагии деҳқонӣ, ки фаъолияташон қатъ гардидааст ва заминҳои нав азхудкардашуда ташкил карда мешавад ва барои ин гирифтани розигии заминистифодабарандагон лозим нест.
Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминҳои хоҷагиҳои тухмипарварӣ, ниҳолпарварӣ, зотпарварӣ, таҷрибавӣ, таълимӣ, омўзишҳо касбӣ-техникӣ ташкил намудани хоҷагии деҳқонӣ мумкин нест. Дар чунин хоҷагиҳо фонди махсуси замин вуҷуд надорад.
Моддаи 13. Муқаррар намудани ҳуқуқи истифодаи замин ба хоҷагии деҳқонӣ Ҳуқуқи истифодаи замин бо сертификати ҳуқуқи истифодаи замин, ки ба номи сардори хоҷагии деҳқонӣ мутобиқи тартиби муайянкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад, тасдиқ мегардад. Истифодаи замин танҳо дар сурати доштани сертификат мумкин аст.

пешина
аз 164
навбатӣ