Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Дар ин давра Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ» қабул гардид, масъалаи қабули қонунҳо «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ», «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар таҳрири нав» ба миён гузошта шуд, ки онҳо заминаҳои меъёрию ҳуқуқии фаъолияти соҳибкориро таҳким бахшида, тавассути фароҳам овардани имтиёзу сабукиҳо онҳоро ба рушди бахши воқеии иқтисоди кишвар ташвиқ ва раҳнамун месозанд.
Дар давраи гузашта, ислоҳоти низоми иҷозатдиҳӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ сурат гирифта, теъдоди иҷозатҳо чандин баробар кам гардид. Низоми электронии ҳуҷҷатгузорӣ ҷорӣ карда шуд. Бо мақсади таъмини шаффофият, пешгирии амалҳои коррупсионӣ ва озод сохтани соҳибкорон аз монеаҳои маъмурию бюрократӣ, муросилоту муомилоти электронӣ бо корафтодагон, бо соҳибкорон дар ҳама бахшҳои хизматрасониҳои давлатӣ ба роҳ монда мешавад.
Давлат соҳибкории хусусиро тавассути пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок низ дастгирӣ мекунад, ки он ба ривоҷи истеҳсолот ва муҳайё сохтани ҷойҳои нави корӣ равона гардидааст. Аз ҷумла, давоми солҳои охир садҳо миллион сомонӣ қарзи имтиёзнок ба соҳибкорони соҳаи кишоварзӣ дода шудааст. Фонди дастгирии соҳибкорӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат таъсис шудааст, беш аз ҳама ба соҳибкорони истеҳсолӣ дар минтақаҳои дурдасти кўҳистон қарзҳои имтиёзнок пешниҳод мекунад.
Солҳои 2014- 2020 дар кишварамон давраи дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ ва рушди бахши коркарди ашёи хоми маҳаллӣ муқаррар шудааст, ки он бояд ба ворид сохтани технологияҳои нави истеҳсолӣ, афзоиши содирот ва роҳандозии истеҳсолоти аз ҷиҳати экологӣ безарар мусоидат намояд.

пешина
аз 601
навбатӣ