ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Барои ба ин ҳадафҳои олӣ расидан Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар сиёсати иқтисодӣ ҳафт самти афзалиятнокро муайян кардааст:
Якум. Такмили сохтори иқтисодиёт, ки он бояд рушди пайвастаи бахши воқеии иқтисодиёт ва афзоиши устувори маҷмуи маҳсулоти дохилиро таъмин карда тавонад. Бо ин мақсад ҳизб беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасониҳои давлатӣ, иштироки васеи шаҳрвандон дар идоракунии давлатӣ, таҳия ва татбиқи Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030, таъмини микроиқтисодӣ ва сиёсати рушди соҳавии иқтисодиёт, пешгирии таъсири омилҳои манфии беруна, ҷорӣ намудани механизми гузариши иқтисодиёт аз зинаи аграриву индустриалӣ ба зинаи индустриалию аграрӣ, ворид намудани технологияҳои ҳозиразамон, истифодаи самараноки сарватҳои табиӣ, замин ва дигар василаҳои амсоли инҳоро зарур мешуморад.
Дуюм. Рушди комплекси энергетикӣ ҳамчун омили бунёдии рушди устувори иқтисодӣ, ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ тавассути бунёди неругоҳҳои барқи обии хурду миёна, таҷдиди иқтидорҳои мавҷудаи энергетикаи обӣ, зиёд кардани сармоягузории соҳа, амалӣ кардани лоиҳаҳои бунёди хатҳои интиқоли нерўи барқ, таъмини рушди комплекси энергетикию сўзишворӣ тавассути афзун намудан ва ба роҳ мондани истифодаи манбаъҳои дигари энергия-ангишт ва нафту гази ватанӣ, бунёди марказҳои барқу гармидиҳӣ дар шаҳру навоҳии мамлакат.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё