ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Ва аз ҷониби дигар тамоми қувваҳои беҳтарини ҷамъият дар ҳамин ҳизб ҷамъ омада буданд. Агар ҳизбро ба маънии иттиҳоди ҳамақидаҳо фаҳмем, пас ба ин мазмун бисёриҳо дар ҳизб расман аъзо буданд. Илоҷи дигари имкониятҳои хешро амалӣ кардан набуд. Бубинед, ки Горбачев, Яковлев, Шеварднадзе, Волский барин сарварони ҳизб дар саргаҳи ҳизб истода, бо он мубориза бурданд.
Танҳо баъди шикасти ҳизб онро тарк гуфтанд.
Табиист, ки ҳизб дар чунин шаклаш ба ғайрандешӣ таҳаммул надошт, аз ҷараёнҳои демократии ҷамъият торафт қафо мемонд. Ё баръакс, роҳбарияташ дидаю дониста онро қафо мекашид. Воситаҳои ахбори умум дар баробари касодшавии иқтисодиёт чунин фикрро ба мардум талқин мекарданд, ки ба ҳамаи ин Сталин ва баъдтар Ленину Октябр ва умуман, коммунистҳо гунаҳгоранд.
Ва ниҳоят моҳи августи соли 1991 инқилоби буржуазӣ дар Маскав комилан пирўз шуд. Мантиқи муборизаи сиёсиро баҳона карда, роҳбарияти имрўзаи Русия чанд қарори ғайриқонунӣ қабул кард, аз ҷумла, оид ба манъи фаъолияти ҳизби коммунисти Русия, сиёсатмадорони Ғарб аз чунин ранг гирифтани аҳвол ба ҳайрат монданд. Дар ҷамъияти воқеан демократӣ маҳкама (суд) дарҳол онҳоро бекор мекард, зеро поймол шудани ҳуқуқи инсон баръало маълум аст. Аммо чи тавре ки болшевикҳо соли 1917 тамоми амалиёташонро бо зарурати ҳимояи манфиатҳои инқилоб асоснок мекарданд, демократҳо низ ба мисли эшон рафтор доранд. Аслан гирем, ин демократҳо ҳамон болшевикони дирўзаанд.
Муддате нагузашту парлумони Тоҷикистон ҳам зери фишори гирдиҳамомадагон фаъолияти ҳизби коммунистро боздошт. Оппозитсия дар симои Ҳизби наҳзати исломӣ, Ҳизби демократ ва ҷунбиши мардумии Растохез ба мақсадаш расид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё