Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

ДЕМОКРАТИЯ, ИСЛОМ ВА НЕОБОЛШЕВИЗМ

Чаро маҳз ҳамин се мафҳумро ба унвони сарлавҳа интихоб кардаем?! Сарнавишти ҷумҳурӣ ҳамин гуна будааст, ки маҳз дар ҷумҳурии мо ба таври гўшношунид иттиҳоди демократҳову исломиҳо пайдо шуд. Ҳарчанд онҳо обу равғанро мемонанд. Иттиҳоди муваққатии неруҳои исломӣ ва демократӣ (муваққатӣ буданаш, ба назарам, барои ҳама рўзи равшан барин маълум буд) дар давраи маъракаи интихоботии раисҷумҳур ба вуқўъ пайваст.
Ҳамон шабу рўз, аниқтараш дар таърихи 16-18 ноябри соли 1991 мақолаеро дар бораи рафти маъракаи интихобот ва мавқеи қувваҳои сиёсии ҷумҳурӣ иншо карда будам. Онро ба чанд рўзномае, ки мавқеи ҳукуматро ҳифз мекарданд, пешниҳод намудам. Аммо ба ҳар баҳона аз чопи он худдорӣ мекарданд. Зери мақола унвони мустаор монда будам, ки ин ҳам як нишони нооромию авзои мубҳами ҷомеа буд.
Бегуфтугў, аз нуқтаи назари имрўза дар мақола ислоҳ даровардан мумкин буд. Вале ин корро накардам. Қимати мақоларо дар он мебинам, ки маҳз ҳамон вақт рафти воқеотро ҳамчун рўзноманигор чӣ гуна дарк мекардам. Боқӣ, хонанда худ қазоват кунад.
Саидмурод Фаттоев, рўзноманигор

ДЕМОКРАТИЯ Ё ОХЛОКРАТИЯ, Ё ХУД ЧӢ ГУНА НЕОБОЛШЕВИЗМ ДАР ЛИБОСИ ДЕМОКРАТҲО ҶИЛВА ДОРАД!

Ривоятҳо ҳаст, ки агар Парвардигор ягон халқро ба ҷазо гирифтор карданӣ мешуд, ўро аз ақлаш мегирифт. Он гоҳ на ҷанги хонумонсўз зарур асту на ягон офати азими табиат.
Гоҳе гумон мекунам, воқеан дунё аз ақл бегона гаштааст. Киштии мурод ғарқ мешавад, ҳар кадом ҷонҳавлона халосии хешро меҷўянд. Беибо сафедро сиёҳу шабро рўз мегўянд. Ҳофизи машҳур, ки ўро бениҳоят эҳтиром доштам шаб аз оинаи нилгун гиря мекунаду фардо дар гирдиҳамоӣ худро сафед месозад. Нависандаи бузург, ки ҳамеша ўро тимсоли қавииродагӣ медонистам, паиҳам ду муроҷиатномаро имзо мегузорад. Рассоми маъруф аз рўзномаҳо ҷор мезанад, ки «ҳой мардум, аз номи ман ба воситаи телефон дигар кас ҳарф задааст» ва ғайраву ҳоказо. Номзад ба ноиби Президент назди садҳо одамон як гапро мегўяду вақте гуфтаҳояш дар рўзнома дарҷ мегарданд, филфавр ба он раддия медиҳад. Ин чӣ шўр аст? Чӣ чиз одамони машҳурро маҷбур медорад, ки мисли бўқаламун тағйири ранг кунанд?!
Ба назарам, ҷавоб яктост: муборизаи сиёсӣ. Ва аз дунё бино омадааст, ки дар сиёсат ҳаромбозӣ бештар роиҷ аст.
Ва акнун биёед, ба манзараи сиёсии ҷумҳурӣ дар арафаи рўзи интихоби Раиси ҷумҳур назар андозем (яъне 24 ноябри соли 1991, муаллиф).
Замоне ҳизби коммунист дар саросари қаламрави собиқ Иттиҳоди Шўравӣ ва минҷумла кишвари Тоҷикистон яккаҳукмрон буд, монанди варзишгаре буд, ки ба масофаи дур медавад, вале аз пушташ касе нест ва рафта – рафта гашташ суст мегардад. Ҳар касе ғаюрӣ карда, камбудиҳои ҳизбро ба забон орад, фавран нафратзада мегардад. Ва он замон ҷазои сахттарин, ки онро одамон ба душманонашон ҳам раво намедиданд, маҳрум кардан аз билети сурх буд.
Бо мурури замон ҳизб ба ҷавҳари сохтори давлатӣ табдил ёфт. Моддаи шашуми конститутсияи брежневӣ чунин ҳолатро расман ба ҳукми қонун даровард. Касе гумон надошт, ки пояҳои ин давлати худком пўсида асту ба ин наздикиҳо футур меравад.

пешина
аз 601
навбатӣ