Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Дар давраи гузашта, ислоҳоти низоми иҷозатдиҳӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ сурат гирифта, теъдоди иҷозатҳо чандин баробар кам гардид. Низоми электронии ҳуҷҷатгузорӣ ҷорӣ карда шуд. Бо мақсади таъмини шаффофият, пешгирии амалҳои коррупсионӣ ва озод сохтани соҳибкорон аз монеаҳои маъмурию бюрократӣ, муросилоту муомилоти электронӣ бо корафтодагон, бо соҳибкорон дар ҳама бахшҳои хизматрасониҳои давлатӣ ба роҳ монда мешавад.
Давлат соҳибкории хусусиро тавассути пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок низ дастгирӣ мекунад, ки он ба ривоҷи истеҳсолот ва муҳайё сохтани ҷойҳои нави корӣ равона гардидааст. Аз ҷумла, давоми солҳои охир садҳо миллион сомонӣ қарзи имтиёзнок ба соҳибкорони соҳаи кишоварзӣ дода шудааст. Фонди дастгирии соҳибкорӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат таъсис шудааст, беш аз ҳама ба соҳибкорони истеҳсолӣ дар минтақаҳои дурдасти кўҳистон қарзҳои имтиёзнок пешниҳод мекунад.
Солҳои 2014 - 2020 дар кишварамон давраи дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ ва рушди бахши коркарди ашёи хоми маҳаллӣ муқаррар шудааст, ки он бояд ба ворид сохтани технологияҳои нави истеҳсолӣ, афзоиши содирот ва роҳандозии истеҳсолоти аз ҷиҳати экологӣ безарар мусоидат намояд.
Ба ҳамин тариқа, афзоиши маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, рушди иқтисодиёт ва пайваста баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ заминаҳое ба вуҷуд оварданд, ки мо боз як қадам болотар пой гузошта, ба тақвият додани табақаи миёнаҳоли аҳолӣ, густариш додани он ва бештар сохтани саҳми соҳибкоронамон дар ин равандҳои сарнавиштсоз камар бубандем.

пешина
аз 601
навбатӣ