Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

АНДОЗУ БУҶЕТ: ТАҚВИЯТИ ТАВОНМАНДИҲОИ
ДАВЛАТ
Яке аз фишангҳои хеле муҳим, ки давлатро бо соҳибкорон пайванд месозад, андоз аст. Соҳибкорӣ, бахши хусусӣ барои давлат дар ҷумлаи манбаъҳои асосии андозбандист. Буҷети давлат бошад, асосан аз андоз ташаккул меёбад. Бинобар ҳамин, ба он хотир, ки ин манбаъ ҳаргиз коҳиш наёбад, балки рушд кунаду афзунтар шавад, сиёсати давлат дар бахши андоз бояд ҳассосона бошад, то ҳам ғановати буҷет таъмин гардад ва ҳам раванди рушди иқтисодиёт нигоҳ дошта шавад.
Кодекси андоз дар таҳрири нав соли 2012 бо ҳамин мақсад қабул гардид. Он тавассути ба иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоиашон ҳавасманд сохтани андозсупорон, васеъ намудани заминаҳои андоз шароиту имкониятҳои воридоти маблағро ба буҷет таҳким бахшид. Низоми андозбандӣ соддатар, номгўи андоз кам, теъдоди санадҳои нолозим дар расмиёти андозсупорӣ ихтисор карда ва маъмурикунонии андоз такмил дода шуд. Ҳамаи ин имкониятҳои нави рушди иқтисодиётро фароҳам овард.
Дар кодекси нави андоз ҷамъулҷамъ 240 номгўи имтиёзу сабукиҳо ба соҳибкорон пешбинӣ шудаанд, ки махсусан ба рушди соҳибкории истеҳсолӣ, соҳибкории хурду миёна равона гардидаанд ва ҳавасмандии соҳибкоронро ба ворид сохтани технологияҳои нав, бунёди иншооти муҳими иҷтимоӣ зиёд мегардонанд.
Сиёсати Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар самти молияву бонкдорӣ давраи сипаришудаи фаъолияташ ба ҳифзи қурби пули миллӣ ва дар сатҳи пешбинигардида нигоҳ доштани андозаи таваррум, таҳкими имкониятҳои пардохтпазирӣ ва эътимоднокии низоми бонкӣ дар ҳифзи пасандозҳои шаҳрвандону ашхоси ҳуқуқӣ, афзун сохтани ҳаҷми пешниҳоди қарз, махсусан қарзҳои хурд барои рушди бахши воқеии иқтисодиёту соҳибкории истеҳсолӣ дар минтақаҳои дурдасти кўҳистон равона гардида буд.

пешина
аз 601
навбатӣ