ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Танҳо соли 2011 соҳибкорон 1000 иншооти иқтисодию иҷтимоӣ бунёд кардаанд, ки 100-тои онҳо корхонаҳои саноатӣ бо 12 ҳазор ҷои нави кор мебошанд. Солҳои 2010 ва 2014 мулоқотҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорон баргузор гардида буданд, ки натиҷаҳои онҳо ба рафъи бисёр мушкилиҳои ҷойдоштаи соҳа мусоидат карда, роҳро ба фаъолияти озодонаи бахши хусусӣ доир ба рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар боз ҳам фарохтар сохтанд.
Мораторийҳои чандинбораи аз ҷониби Президенти малакат муқаррар гардида доир ба манъи сесолаи санҷишҳои фаъолияти соҳибкорони хурду миёна ва соҳибкории истеҳсолӣ аз ҷониби мақомоти назоратии давлат ба иҷрои ҳамин ҳадафҳо равона гардида буданд. Сиёсати пешгирифта ва амалкарди Ҳукумати малакат дар беҳбудӣ бахшидан ба фаъолияти соҳибкорӣ аз ҷониби созмонҳои муътабари байналмилалӣ баҳои баланд гирифта, Тоҷикистон ду сол паи ҳам ба қатори беҳтарин давлатҳои ислоҳотгар шомил карда шуд.
Дар ин давра Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ» қабул гардид, масъалаи қабули қонунҳо «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ», «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар таҳрири нав» ба миён гузошта шуд, ки онҳо заминаҳои меъёрию ҳуқуқии фаъолияти соҳибкориро таҳким бахшида, тавассути фароҳам овардани имтиёзу сабукиҳо онҳоро ба рушди бахши воқеии иқтисоди кишвар ташвиқ ва раҳнамун месозанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё