Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Аз нақли устод: «Он субҳи сиёҳи соли вазнини 37-умро наметавонам фаромўш кунам. Он саҳар мо панҷ нафар фарзанд бо падар ва модарам ношто доштем, ки дарвозаи моро кўфтанд. Раиси ҷамоат бо се нафар сипоҳӣ вориди ҳавлии мо гаштанд. Онҳо арза доштанд, ки падари мо гунаҳкор ва душмани халқ ҳастанд ва бояд он касро гирифта баранд. Воқеан, падарам Собитов Абдусаттор аввал дар вазифаҳои Раиси ҷамоати Ёва, Раиси идораи меваю сабзавоти шаҳри Хуҷанд ва прокурори расмии шаҳри Хуҷанд кор карда, он замон мудири маорифи ноҳияи Хуҷанд буданд. Модарам ва мо фарзандонро тарс фаро гирифт.
Модарам ором ашк мерехту мо бо чашмони ҳайрон ба падарам нигоҳ мекардем. Падарам додари думоҳаамонро бардошта, ба сўи мо нигариста гуфтанд: «Ман гуноҳ надорам, ин тўҳмат аст». Ба сўи модарам назар афканда: «Бачаҳоро эҳтиёт кун»- гўён аз дарвоза ҳамроҳи «ташрифоварандагон» берун шуданд. Ду сол дар ҳабсхонаи соҳили рости дарёи Сир хобиданду қариб ҳар рўз он касро истинтоқ мекарданд ва маҷбур мекарданд, то он кас ба гунаҳкор буданашон иқрор шаванд, ба душмани халқ буданашон қоил гарданд. Баъди истинтоқу пурсишҳо ба падарам 10 сол ҳукм таъин намуданду тавассути шаҳри Хаввос ба маҳбасхонаи Русия равона карданд.
Зиндагии вазнини мо оғоз ёфт. Ба ҳавлии мо касе намеомад, касе аз ҳоли мо намепурсид, наздиктарин хешону ёрон аз мо рўй тофтанд. Зеро ҳавлии мо манзили «душмани халқ» унвон гирифта буд.
Ёд дорам, боре модарам ҳамроҳи ман ба хонаи муаллимаи деҳа рафт ва аз ў хоҳиш кард, ки ба унвони Молотов номае нависад. Номаро ба Маскав ирсол кард. Баьди чанд муддат модарамро ба НКВД даъват намуда, таҳдиду сарзаниш карданд. Он шаби сиёҳро наметавонам фаромўш кунам. Модарам аз тарс саропо меларзид, чеҳрааш сап-сафед, чашмонаш пури об буданд.

пешина
аз 601
навбатӣ