ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Роҳбари муаззами мо назди созмонҳои ҳизбӣ вазифа гузоштанд, ки минбаъд низ зиёдаравӣ накарда, усулҳои наву муосири рақобати солим ва муборизаро дар маъракаҳои сиёсӣ аз кишварҳои пешрафта омўзанд, зеро бурду бохти ҳар як ҳизби сиёсӣ дар интихоботи оянда аз он вобаста аст, ки имрўз дар хаёти сиёсиву ҷамъиятӣ чӣ мақому мавқеъ дорад ва мардум ба ҳадафҳои сиёсӣ ва барномаҳои пешазинтихоботии вай то чӣ андоза таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд.
Ҷаноби Олӣ, ҳамчун Роҳбари давлат, таъкидан гуфтанд, ки дар раванди маъракаҳои пешазинтихоботӣ ба ягон ҳизб, аз ҷумла Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон берун аз муқаррароти қонун имтиёзе дода намешавад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҷомеа мақоми устувор дорад ва он бояд таҳким бахшида шавад, ки имкониятҳои онро дар интихобот бештар месозад. Ҳизб фақат ба неру ва имкониятҳои воқеии худ такя карда, бояд зимни рақобат, аз доираи қонун берун набарояд, дар баргузории интихоботи озоду шаффоф барои дигар ҳизбҳо намунаи ибрат бошад. Фаъолияти таблиғотӣ чунон ба роҳ монда шавад, ки он мактаби тақвияти фарҳанги сиёсии мардум, таҳкими ваҳдати миллӣ ва сарҷамъии ҷомеа гардад.
Ҳамин тавр, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар даври навбатӣ ҳам бо дасту дили пок, бо таҳкурсии қавии ғоявию сиёсӣ, бо таҳкими ҳарчи бештари қатори аъзову ҷонибдоронаш дар атрофи ҳадафҳои созандаи хеш вориди рақобатҳои интихоботӣ шудааст ва омода аст, ки ҷиҳати дар доираи қонун, озод ва ошкору демократӣ баргузор сохтани ин маъракаи муҳиму сарнавиштсоз бо ҳамаи нерўҳои сиёсӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандии кишвар ҳамкорӣ дошта бошад.
Мо аз корҳои то имрўз, давоми панҷ соли охир анҷомдодаи хеш розиву қаноатмандем ва метавонем перомуни онҳо ба мардумамон бо сари баланд ҳисобот диҳем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё