Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Вале дар айни замон нуқсонҳою мушкилоти мавҷуда низ аз чашмамон пинҳон нест, ки рафъи онҳо ва таҳкиму тақвияти минбаъдаи дастовардҳои кишвар дар барномаи навбатии пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои панҷ соли оянда инъикос шудаанд.
Мо ба касе ваъдаҳои хушку холӣ доданӣ нестем, касеро ташвиқ карданӣ ҳам нестем, ки кўркўрона аз паи мо рафта, ба тарафдориамон овоз бидиҳанд. Ташвиқи мо иқдомҳои мушаххаси мо давоми ду даҳсолаи охиранд, ки Тоҷикистони азизамонро тавассути таъмини суботи сиёсию иқтисодӣ ба як кишвари рў ба пешрафт табдил сохтаанд. Ташвиқи мо барномаи навбатии пешазинтихоботиамон аст, ки бо нақшаву ниятҳои мушаххас барои оянда, рушди устувори мавҷуда дар мамлакат бебозгашт ва зиндагии мардумамонро фаровонтару осудатар мегардонанд.

ПАНҶ СОЛЕ, КИ ОРМОНҲОИ МИЛЛИРО
НАЗДИКТАР СОХТАНД
Панҷ соле, ки мегузарад, мо чун давраҳои қаблӣ амонатдори мардуми Тоҷикистон будем. Кўшиш кардем ин амонати бузургро, ки қудрати давлатӣ ном дорад ва интихобкунандаҳои азиз онро такроран ба дасти мо супурда буданд, дар ҳамкорӣ бо иддаи зиёди ҳамсафонамон, ашхоси дигари дилсўзи Ватану ҷомеа, чун амонатдорҳои воқеӣ, бо эҳтиёти тамом нигоҳ бидорем, онро ҳар қадаре метавонем, ҳифз бикунем, рушду камол, такмилу тақвияташ бубахшем.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон то чӣ ҳад ба иҷрои ин вазифаҳои бузург муваффақ шуда, нақшаву ниятҳояшро, ки дар интихобот якдилона ҷонибдориаш карда буданд, ба ҷо овардааст? Биёед, натиҷаҳои ин давраро иҷмолан, бо як нигоҳи сатҳӣ ёдоварӣ кунем.

пешина
аз 601
навбатӣ