ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Тамоми давраи фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳайати мақомоти намояндагию иҷроияи кишвар гувоҳ аст, ки ҳизби мо ҳамеша пойбанди ҳадафҳои барномавии хеш барои бунёди фазои озоди сиёсӣ ва ба вуҷуд овардани рақобати солиму созандаи миёни аҳзоб ба хотири пешрафтҳои бештари Тоҷикистони азиз будааст.
Натиҷаи ҳамин аст, ки имрўз қонунҳои кишвар барои фаъолияти озодонаи ҳизбҳо заминаи мусоид фароҳам овардаанд ва онҳо барои касби нуфуз дар ҷомеа, барои дастёбӣ ба овозҳои бештари шаҳрвандон ҳангоми интихобот ягон монеае надоранд. Гузашта аз ин давраҳои охир мо ба сўи ҳарифони сиёсиамон қадами боз ҳам фарохтар гузоштем. Бо иқдоми Раиси муаззами ҳизби мо, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи гузашта на фақат Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, балки пешниҳодҳои барномавии аҳзоби дигар низ мавриди омўзишу баррасӣ қарор гирифта, ба сифати нақшаи фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҷумлаи ҳадафҳои умумимиллӣ пазируфта шудаанд.
Имрўз, дар пешорўи интихоботи навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон садоқати худро ба ҳадафҳои усулии хеш, интихоботи шаффофу демократӣ, рақобати солиму созанда ва ҳамкорӣ бо тамоми аҳзоб дар роҳи бунёди Тоҷикистони навин боз як бори дигар таъкид мекунад.
Ин даъвати мо аз тамоми аъзои ҳизбамон, ҷонибдоронамон ва мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад, ки рўзи 13-уми декабри соли гузашта, ҳангоми суханронии Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сари нав садо дод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё