ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Чун ба осорхона ворид мешавед ва ба бахши аввали он назар мекунед дар пештоқи намоишгоҳ чашми шумо ба санъати ҳунарие бармехўрад, ки номи онро мутахассисон барелйеф мегўянд. Тавассути ин санъат таърихи тоҷикон аз оғоз то имрўз бо нақшу нигори хос кандакорӣ шудааст. Муаллифон бо забони нақшу нигори хоса таърихро бо муҳимтарин ҳодисаву воқеаҳояш дар он инъикос кардаанд. Ё худ зери шишаҳо гузоштани ёдгориҳои таърихи аҳди қадим (бозёфтҳои археологӣ), ки болои он ташрифкунанда қадам мезанад, низ аз дастовардҳои муосири усули намоиш дар музейҳои ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад. Ҳамчунин, мавҷудияти намунаи манзили миллӣ, ки хонаи қадимаи тоҷикиро аз як маҳаллаи қадимаи шаҳри Хуҷанд, ки устоҳои чирадаст, усто Фозил ва усто Солеҳ бо назокат ва мехбандии хоса интиқол кардаанд, ё кошикории сангӣ, ки аз сангҳои рангини кўҳҳои Суғду Бадахшон шудааст, ҷолиби таваҷҷўҳ мебошад. Глобус ё худ курраи арзи Ҳоҷӣ Юсуфи Мирфаёз бошад дар даромадгоҳи осорхона шукўҳу шаҳомати ин макони таърихиро дучанд афзудааст.
Ин гуна падидаҳои нодир, ки ҷолиби диққат аст, дар осорхонаи вилоятӣ фаровон ба назар мерасад. Яъне ҳар касе, ки ба Осорхонаи таърихии вилоятӣ ворид мегардад, ба дунёи куҳан бо чашмандози муосир назар мекунад ва барои дарку маърифати нигоштаву гузоштаҳо ба ҷуз роҳнамоии роҳбалади осорхона ўро хирад, рамзкушоиву маъниёбӣ муҳим мебошад. Ба қавле, агар ба дидаи хирад назар намоем, бемуҳобо зи ҳар як акс ё гузоштаву нигораи таърихӣ рамзе метавон дарёбем.
Замоне, ки бинои нави Осорхонаи таърихии вилоятӣ бунёд мешуд, банда дар вазифаи директори барномаҳои телевизиони вилоятии Суғд фаъолият доштам. Раҳбари вақти вилоят Қосим Раҳбар пайваста аз рафти бунёди музей боздид ба амал меоварданд ва дар арафаи анҷомёбии корҳо дар бунёди осорхона ҳар ҳафта рўзи душанбе машварати корӣ бо масъулону муттахассисон доир мешуд ва мо кормандони телевизион онро ба навор мегирифтем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор