Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

ОСОРХОНА ВА ТАЪРИХИ КИШВАР

Таърихи шаҳри Хуҷандро дар баробари аз кутуби таърихиву адабӣ ҷустуҷў кардан метавон аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд дарёб кард. Осорхонаи таърихии вилояти Суғд маконест, ки барои ҳар як сокини кишвар аз мавҷудияти деринаи миллат дарак медиҳад, саҳифаҳои корномаҳои халқу миллатро боз мекунад ва ошноӣ бо он дар худшиносии миллии инсонҳо муассир мебошад. Дар оинаи таърихи осорхона нигораву гузоштаҳо чун баёнгари воқеаву рўйдодҳои чандинҳазорсолаи гузаштагони бонангу номуси мо инъикос ёфтааст, ки ҳар яке дарси ибрати бузург барои имрўзиёну фардоиён аст. Дуруст гуфтаанд, ки гузаштаро надониста роҳи фардои зиндагиро дарёб кардан мумкин нест. Ба қавли Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «Аз сабақҳои таърих панд гирифтани имрўзиён барои ояндаи миллат, ки ваҳдату ягонагӣ, созандагиву ободкорӣ ва пояндагиву ҷовидонӣ ҳадафи аслии ўст, арзиши баланд дорад».
Аз ин чашмандоз бинои Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, ки даҳ сол муқаддам дар перояи нав дари худро боз намуд, бо ҳифзи дороиҳои пурарзиши таърихӣ дар пойдорӣ, сарбаландиву сарфарозии миллати куҳанбунёди мо дар байни қавму миллатҳои дигар нақши боризеро адо мекунад. Симои меъмории имрўзаи Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, ки таҷассумгари нақши қадиму муосир аст, бо дороиҳои ба маърази тамошо ниҳодааш, усули намоиш, рамзу нигоштаҳои зарифи таърихиаш дирўзи моро бо имрўз мепайвандад. Шояд камтар осорхонае бо ин шакли меъморӣ ки тамошобинро ба худ ҷалб мекунад, дар қаламрави Осиёи Марказӣ мавҷуд бошад. Дар ин маврид месазад аз ҳунару эъҷози созандагони осорхона, ки ҷолибу беназир аст, ёдрас шавем.

пешина
аз 601
навбатӣ