Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Дар таърихи башарият он имрўз беҳтарин роҳи таъмини ҳокимияти мардумӣ мебошад. Ҷаҳон ягон амсилаи дигари давлатдориро намедонад, ки дар он ҳуқуқу озодиҳои инсон беҳтар аз роҳи номбурда таъмин мешуда бошанд.
Ба ҷуз ин, аз муҳимтарин нишонаҳои табиати демократӣ доштани давлатдории мо, ки тавассути Сарқонунамон муқаррар шудааст, таҷзия ё тақсими қудрати давлатӣ бо ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ мебошад. Ба ин васила тавозун дар идораи давлат таъмин мегардад.
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон яке аз ҳамон се шохаи ҳокимият аст, ки салоҳияти қонунгузориро ба зимма дорад. Қонун бошад, тавре гуфтем, усул, тартиби зиндагии мову шумо, имрўзу ояндаи мову шумо, муносибатҳои мо бо давлату ҷомеа мебошад. Қонунҳо тавассути намояндагони мардумӣ пешниҳоду таҳия ва баррасиву қабул шуданашон баъдан ба туфайли иҷрои ҳамагониашон ба истиқрори адолати иҷтимоӣ замина фароҳам меоваранд.
Ҳамин тариқ, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон салоҳияту масъулияти бузургеро бар дўш дорад. Ҳамаи он дастоварду пешравиҳое, ки то имрўз, давоми солҳои истиқлолияти давлатӣ дар ҳаёти мо воқеъ шудаанд, рафъи ҷанги шаҳрвандӣ ва барқарории сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, таҳкими қонуният, рушди устувори иқтисодию иҷтимоии кишвар, пайваста боло рафтани сатҳи зиндагии мардумамон аз бисёр ҷиҳат натиҷаи фаъолияти огоҳона ва пурсамари ин мақоми олии намояндагиамон мебошад.
Оё мо мехоҳем, ки ин дигаргуниҳо идома пайдо бикунанд? Оё мехоҳем он корҳои бузурге, ки то имрўз оғоз шудаву ҳоло давом доранд, муваффақона ба итмом бирасанду зиндагии шоиставу осудаҳолонаи мову наслҳои баъдиамон таъмин бишавад? Пас хеле муҳим аст, ки ин бор ҳам, вақте назди қуттиҳои овоздиҳӣ меравем, мисли ҳамеша ба парламентамон беҳтарин намояндагони хеш, афроди ватандўсту ватанпараст, донишманду босалоҳият, дорои мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ, соҳибнуфуз ва бо симои неку писандидаи маънавию ахлоқиро пешбарӣ ва интихоб кунем.

пешина
аз 601
навбатӣ