Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Сифатҳои мазкур на фақат ба намояндагони мо дар мақоми олии қонунгузорамон муҳим ҳастанд, балки дар интихоби вакилон ба маҷлисҳои вакилони халқи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, ба мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот низ мо бояд сифатҳои мазкурро дар симои ин ё он номзад шарти муҳимтарини аз ў ҷонибдорӣ кардан ё накардан, ба тарафдориаш овоз додан ё надодани хеш қарор бидиҳем. Чунки маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ҳам зинаҳои муҳими ҳокимияти давлатианд. Онҳо мақомотеанд, ки бо мардум аз ҳама зичтар робита доранд.
Татбиқи амалии қонунҳои қабулшуда, барномаҳои пешрафт, дигар иқдомҳои муҳими давлат маҳз ба уҳдаи онҳост. Аз ин рў, бурду бохти ҳамаи ибтикороти пешгирифтаи давлатро ҳам дар ниҳояти кор онҳо муайян мекунанд. Агар ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, заковату ҷаҳонбинии васеъ набошад, бе одобу рафтори нек ва хислатҳои ҳамидаи инсонӣ иҷрои ин рисолати бузург аз ҷониби ҳайатҳои намояндагию иҷроияи мақомоти маҳаллии мо душвор хоҳад буд.

ҲХДТ - ҲИЗБИ МАРДУМӢ
Баъзан дар васоити ахбори оммаи ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ҳизби ҳоким ё худ ҳизби аксарияти парлумонӣ ном мебаранд.
Табиист, ки мардум нисбати ташкилоти сиёсии дар ҷомеа нуфуз пайдокарда ва татбиқкунандаи ормонҳояшонро ҳамин гуна муносибат ва муомила мекунанд.

пешина
аз 601
навбатӣ